Мулоқоти судманд ва ҷамъбасти озмунҳои зиддикоррупсионӣ дар ДДҲБСТ

Санаи 10 январ дар ҷумҳурӣ ҳамчун Рўзи кормандони мақомоти назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия ҷашн гирифта мешавад. Ба ин муносибат имрӯз дар Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон мулоқоти намояндагони раёсати Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд бо кормандону устодон ва донишҷўён доир гардида, ҳамчунин маросими ҷамъбасти озмунҳои мақолаи публитсистии беҳтарин дар мавзўи «Ояндаи ҷомеа дар дасти туст, ба коррупсия муқовимат намо!» ва расми беҳтарин дар байни хонандагони Литсейи донишгоҳ дар мавзўи «Коррупсия аз нигоҳи ман»   баргузор шуд.

Ректори донишгоҳ, профессор Муъмин Шарифзода, меҳмононро ба иштирокчиён шинос карда, афзуд, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳар мавриди созгор диққати аҳли ҷомеаро нисбати зарурати муборизаи дастҷамъона ба муқобили ин вабои аср равона месозанд. Илова шуд, ки дар ҳалли масъалаҳои вобаста ба муқовимат ба коррупсия, пеш аз ҳама хонандагону донишҷўён – ҷавонони солимфикру озодандеш намунаи ибрат буданашон лозим аст, зеро маҳз онҳо ҳамчун қувваи пешбарандаи ҷомеа ва ояндасози миллат бо кору амалҳои шоистаи худ барои рушди ҷамъият ва пешгирӣ кардани ҳама гуна кирдорҳои номатлуб, аз ҷумла падидаҳои коррупсионӣ, саҳми назаррас дошта метавонанд.

Сипас, дар идома, нозири калони шуъбаи муқовимат ба коррупсияи раёсати Агентӣ дар вилояти Суғд Васлибек Назриён ва нозири калони ҳамин шуъба Давлат Ҳамдамзода  баромад намуданд.

Васлибек Назриён зимни суханронӣ ба иштирокчиён таъкид намуда, ки Шумо ҳамчун пешоҳангони амалигардонии сиёсати давлатӣ дар самти муқовимат ба коррупсия, натанҳо барои баланд бардоштани маърифати таҳаммулнопазирии доираи васеи шаҳрвандон нисбат ба падидаҳои коррупсионӣ, балки барои дарёфти тарзу воситаҳои муосир ва самараноки мубориза бо коррупсия мусоидат карда метавонед. Назриён илова кард, ки саҳми ДДҲБСТ дар пешгирии амалҳои коррупсионӣ назаррас буда, панҷоҳ дар сади кормандони мақомоти қудратӣ хатмкардагони ин муассисаи касбии олӣ мебошанд, ки аз  бонуфузии донишгоҳ шаҳодат медиҳад.

Дар қисмати дуввум ғолибони озмунҳои мақолаи публитсистии беҳтарин дар мавзўи «Ояндаи ҷомеа дар дасти туст, ба коррупсия муқовимат намо!» ва расми беҳтарин дар байни хонандагони Литсейи донишгоҳ дар мавзўи «Коррупсия аз нигоҳи ман»  муайян ва қадршиносӣ  гардиданд. Дар интиҳо ба донишҷӯён ва хонандагони Литсейи донишгоҳ, ки дар озмунҳои зикргардида, соҳиби ғолибият шудаанд, Сипосномаву Ифтихорнома ва маблағҳои пулии раёсати донишгоҳ тақдим карда шуд.

Шуъбаи таҳлил ва робита бо ҷомеа

 

 

You might also like