Ҷавонони соҳибистиқлоли Ватан бар муқобили Кабириву наҳзатанд

Шукронаи истиқлолияту ваҳдати миллӣ ва амнияту оромии кишвар, ки дар ҷараёни ироаи паём ва суханрониҳои худ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат – Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таваҷҷуҳи зиёду беандоза ба насли ҷавони кишвари маҳбуб равона намуда, ин насли ояндасозро мавриди дастгириву ғамхорӣ фаро мегиранд. Бешубҳа маҳз  ҳамин таваҷҷӯҳ аст, ки имрӯз насли ҷавони мамлакат баҳри рушду нумӯъи Ватани азизамон саъю талош доранд. Хушбахтона соли 2017-умро «Соли ҷавонон» эълон намуданд.

Ташаббуси ин иқдоми наҷибу созанда ба рукнҳои иҷтимоию демографӣ, сиёсиву-стратегӣ такя намуда, хусусияти таърихӣ касб кардааст, зеро насли ҷавони кишвар ҳанӯз аз давраҳои аввали мустақилият дар бунёди давлати соҳибистиқлол, демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявӣ бо ташаккул ва амалӣ намудани самти махсуси фаъолият – сиёсати давлатии ҷавонон давра ба давра ҳамқадами замон буданд ва мемонанд.

Таваҷҷуҳ ва ғамхориҳои падаронаи Пешвои муаззами миллат, Сарвари кишвар, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ҷавонон аз рӯзҳои аввали соҳибистиқлолӣ возеҳу равшан ба назар мерасид. Новобаста аз сахтиву нокомиҳои пай дар пайи пешомада Пешвои миллат ба баррасии масъалаҳои марбут ба ҷавонон ва сиёсати ҷавонон аҳамияти беандоза медоданд. Беҳуда нест, ки махсусан, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Призиденти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷаноби олӣ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба дастгирии ҷавонон ва таъмини онҳо бо ҷойҳои нави корӣ, дар асоси истифодаи технологияҳои иттилоотиву коммуникатсионӣ бо донистани забонҳои хориҷӣ диққати махсус дода, пешниҳодоти ҷавононро баҳри инкишофи Ватани азизамон доимо дастгирӣ менамоянд ва бунёди шароити мусоиди кору фаъолиятро барои ҷавонон пайваста таъмин месозанд.

Тавре, ки Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пайваста таъкид менамоянд: «Ҷавонон қувваи бузург, нерӯи созанда ва ояндаи миллатанд». Бо истифода аз ин дастуру супоришҳо мо ҷавонон бояд баҳри ҳифзи Ватани азизамон Тоҷикистон кӯшиш намуда, бар зидди ҳар гуна зуҳуроти бегонапарастӣ, ба мисоли ТЭТ ҲНИ, Паймони миллӣ ва ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ мубориза мебарем.

Ҷавонони созанда даврони истиқлолият нерӯи мудофиавии кишвар ҳисобида мешаванд, аз таърихи давлати соҳибистиқлол ва ниёгони худ, забону фарҳанги миллиамон ифтихор намуда, баҳри дифои онҳо аз ҳар гуна омилҳои зараровар пайваста талош меварзанд.

Ҷавонони мо аз ин таваҷҷуҳи Пешвои мидавлату Ҳукумат руҳу тавони тоза гирифта, ба Модар – Ватан хизмати содиқона намудан, марзу буми онро ҳимоя кардан ва дар ҳимояи манфиатҳои давлату миллат ҳушёр буданро қарзи фарзандии худ медонанд. Бар муқобили ҳаргуна ҳизбу созмонҳои террористиву экстремистӣ ҷони худро сипар намуда, фаъолияти иғвогаронаи онҳоро фош месозанд. Имрӯз насли ҷавони мо – хушбахтона бо илму дониш мусаллаҳ гардида, сиёҳро аз сафед ҷудо карда метавонанд.

Қурбонов Ҳ.Ш. – ассистенти

кафедраи сиёсатшиносии ДДҲБСТ

You might also like