Масъулияти ҷомеа дар мубориза бо гурӯҳҳои ифротӣ

Дар ҷумҳурӣ байни ҳизбҳои сиёсӣ ҳизби наҳзати ислом ягона ҳизбе буд, ки аз рўзҳои аввали ташкилшавӣ ба майдони сиёсат бо мақсадҳои ғаразнок ворид гардид. Миёни аҳолии кишвар ҳеҷ вақт нуфуз ва ҷонибдорони худро пайдо карда натавонист ва оқибат фано шуд.

Фаъолияти хафнокии  ТЭТ ҲНИ-ро ба назар гирифта Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳизби наҳзати исломро ҳамчун ташкилоти ифротгароӣ эътироф намуда, фаъолияти  ҳизбро қатъ намуд.

Таърихи 8-уми июни соли 2016 дар шаҳри Ереван ҷаласаи Кумитаи котиботи шўроҳои амнияти давлатҳои узви Созмонҳои аҳдномаи амнияти Дастаҷамъи баргузор гардид, рўйхати ташкилотҳоеро, ки дар кишварҳои узви СААД ҳамчун терористӣ ва экстремистӣ этироф шудаанд, бо қарори дахлдор ба мувофиқа расониданд.

Дар рўйхати мазкур дар қатори созмонҳои террористии байналмиллалӣ ба монанди «Ал-қоида», «ДИИШ», «Ансоруллоҳ», «Ихвон-ул муслимин», «ТЭТ ҲНИ» низ таҳти №65 ворид карда шуд.

Кунун мо ба он рўз расидем, ки бояд аз даврони соҳибистиқлоливу оромии кишвар шукргузорӣ намуда, барои ризову равнақи миллату давлати хеш ва баланд бардоштани ҳисси ифтихори миллии мардум кўшиш намоем.

Амалҳои террористии ТЭТ ҲНИ танҳо ва танҳо ношукрӣ аз истиқлол, сулҳу ваҳдати кишвар буда, паси амалисозии ҳадафҳои нопоку ғаразноканд.

Аз мардуми Тоҷикистон, хоса ҷавонон даъват карда мешавад, ки дар муқобили ин хатарҳо ммутаид бошанд ва ҳушёрию зиракии сиёсиро аз даст надиҳанд. Тоҷикистониён имрўз шукрона аз даврони соҳибистиқлолӣ мекунанд ва қудрате доранд, ки ҳар гуна ҳаракатҳоеро, ки ба суботи сиёси кишвар таҳдит менамояд, аз байн барад. Имрўз мо омўзгорону волидайн вазифадор ҳастем, ки баҳри пешгирии шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ ҷидду ҷаҳд намоем. Ҳар яки мо вазифадорем, ба созандагиву бунёдкорӣ машғул шуда, фарзандони худро дар руҳияи ватандўстӣ, худшиносиву хештаншиносӣ, омўзиши касбу ҳунар ва илму адабро тарбия намоем.

Сулҳу ваҳдатро чун бузургтарин неъмати бебаҳо эҳтиром гузошта, таҳти роҳбарии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мўҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ободкориву созандагӣ ҳамраҳи ва ҳамкор бошем.

Шамсиев Ф.К. – н.и.и., сармуаллими

кафедраи менеҷменти ДДҲБСТ

You might also like