Табрикоти солинавии ректор, профессор Шарифзода Муъмин Машокир

Муҳтарам ҳамкорон, устодон ва донишҷўёни гиромӣ!
Бо камоли эҳтиром ва самимияти афзун ҳамаи Шуморо бо фарорасии Соли нави мелодии 2021 сидқан табрику муборакбод менамоям.
Соли 2020 дар кишварамон бо воқеаи сарнавиштсози таърихӣ –интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки рамзи сулҳу суботи комили сиёсӣ, ваҳдату ҳамдигарфаҳмии мардуми кишвар, обрӯю эътибори хоса касб кардани Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ ва ҷомеаи ҷаҳонӣ маҳсуб меёбад, хотирмон буд.
Таҳти сиёсати ояндасози Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таҷлили бошукўҳи 5500-солагии Саразми бостонӣ ва 700-солагии бузургдошти Шайх Камоли Хуҷандӣ дар сатҳи ҷаҳонӣ ҳамчун нишони садоқат ба ормонҳои таърихии халқи куҳанбунёди тоҷик, вусъати корҳои ободониву созандагӣ ба истиқболи ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз зумраи рӯйдодҳои фараҳбахш ва таърихии соли сипарӣ маҳсуб меёбанд.
Ҷомеаи меҳнатии донишгоҳ зери таассуроти нотакрори соли 2020 ва дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон илҳоми тоза гирифта, бо иҷрои нақшаҳои тарҳрезишуда ба дастоварду муваффақиятҳои беназир ноил гардиданд.
Барои дастоварди назаррас дар таълиму тарбияи ҷавонон бо “Ҷоизаи ба номи Исмоили Сомонӣ барои олимони ҷавон дар соҳаи илму маориф”, медали “Хизмати шоиста” ва нишони сарисинагии “Аълочии маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон” қадршиносӣ шудани чанде аз устодони донишгоҳ, ба дифоъ расидани зиёда аз 20 рисолаҳои илмии устодон, ғолибияти донишҷўёнамон дар олимпиадаи Ҷоми Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва олимпиадаи кушоди байналмилалии донишҷўён, озмунҳои “Фурўғи Субҳи доно китоб аст” ва “Донишҷўи сол”, мусобиқаҳои варзишии сатҳи байналмилалӣ, минтақавию ҷумҳуриявӣ, афзудани теъдоди гирандагони стипендияҳои номӣ, ҷорӣ гардидани ихтисосҳои наву замонавӣ, иҷрои нақшаи қабули донишҷўён дар донишгоҳ, дар доираи густариши ҳамкориҳои байналмилалӣ зиёд шудани теъдоди донишҷўёни хориҷӣ дар донишгоҳ ва ташкили факултети муштарак, вусъат ёфтани корҳои созандагиву ободонӣ муваффақияту комёбиҳои беназир, ки дар соли 2020 ба даст омаданд. Дар маҷмўъ соле, ки сипарӣ гашт, бо воқеаҳои фараҳбахш барои аҳли донишгоҳ хотирмон буда, натиҷаи фаъолияти босамари ҳайати устодону профессорон ва саъю кушиши донишҷўён арзёбӣ мегардад.
Итминони комил дорам, ки Соли нави милодиро бо нақшаҳои неку ҳадафҳои созанда пешвоз гирифта, бо заҳмати ватандӯстонаву аҳлона, баланд бардоштани сатҳу сифати таҳсилот, омода намудани мутахассисони ба талаботи ҷаҳони муосир ҷавобгў, тарбияи насли созанда ба комёбиҳои беш аз пеш ноил мегардем ва ба таҳкими пояҳои Истиқлолияти давлатӣ ва гул-гулшукуфоии Тоҷикистони биҳиштосо саҳм мегузорем.
Бо изҳори орзуву ниятҳои нек дар Соли нави 2021 ба ҳамаи Шумо саломатию иқболи нек, рўзгори босаодат ва ба Ватани маҳбубамон суботу оромӣ, ваҳдати ҷовидона ва пешрафти рӯзафзун орзу менамоям.
Соли нави мелодӣ муборак!

You might also like