Ректори ДДҲБСТ бо ғолибони озмуну гирандагони стипендия вохӯрӣ доир кард

Ректори Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон профессор Муъмин Шарифзода донишҷӯён-ғолибони озмуни вилоятии “Донишҷӯи сол-2020”, иштирокчиёни озмуни ҷумҳуриявиии “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст”, инчунин донишҷӯёне, ки дар ҳафтаи иштироки донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва миёнаи касбии вилоят дар идоракунии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд фаъолона иштирок кардаанд, гирандагони стипендияи раиси шаҳри Хуҷанд ва ғолибони озмуни байналмилалии таълимию таҳқиқии “Донишҷӯи сол-2020” (онлайнӣ)-ро ба ҳузур пазируфт.

Роҳбари донишгоҳ донишҷӯёнро ба соли нави мелодӣ шодбош карда, дастовардҳои онҳоро дар самти илму таълим ва ғолибият дар озмунҳои вилоятиву ҷумҳурияӣ назаррас арзёбӣ кард. Муъмин  Шарифзода аз фароҳам гардидани шароиту имкониятҳо дар тамоми соҳаҳои кишвар ёдоварӣ карда, аз иштирокчиён даъват ба амал овард, ки боз ҳам омӯзанд ва ба дастовардҳои илмию техникӣ комёб гардида, ҳамсолону ҳамсабақонашонро ба роҳи илм ва аз худ намудани донишҳои муосир, ҳамчунин донистани ду ва се забони хориҷиро талқин намоянд ва ба ин васила мутахассиси ҷавобгӯ ба талаботи бозори меҳнат гардида, барои пешрафти соҳаҳои мухталифи хоҷагии халқи мамлакат ба давлату миллати хеш содиқонаву софдилона хизмат намоянд.

Дар интиҳо иштирокчиён барои дастгириҳои ҳамешагӣ ва ҷорӣ намудани идрорпулии раёсати донишгоҳ ба сарвари донишгоҳ изҳори сипосмандӣ карда, ваъда доданд, ки минбаъд низ дар озмуну олимпиадаҳои мухталиф ширкат варзида, ба дастовардҳои навин комёб хоҳанд шуд.

Ҳамчунин, мудири бахши ҷавонони донишгоҳ Мирзоҷон Мирзобаев бо донишҷӯёни фаъоли донишгоҳ суҳбат намуда, баҳри тадбиқи босамари сиёсати давлатии ҷавонон ва ноил гардидан ба нишондиҳандаҳои баланди соҳа ибрози назар кард.

Шуъбаи таҳлил ва робита бо ҷомеа

You might also like