Озмуни донишгоҳии “Истеъдод” ҷамъбаст гардид

Бо дастгирии роҳбарияти Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон аз моҳи феврал то моҳи декабри соли 2020 озмуни донишгоҳии “Истеъдод” дар факултетҳо роҳандозӣ гардида, он аз рӯи се номинатсия: ғояи беҳтарин,  ихтирооти беҳтарин ва  бизнес-лоиҳаи беҳтарин баргузор карда шуд. Дар номинатсияи ғояи беҳтарин бештар дар доираи муаммоҳои иҷтимоию иқтисодии ҷомеаи имрӯза ва раванди таълим фикру ақидаҳо пешниҳод гардиданд.

Дар номинатсияи ихтирооти беҳтарин бештар атрофи ҳалли муаммои муосир, яъне пешгирӣ аз вируси сироятӣ COVID-19 таҷҳизоти махсус пешниҳод карда шуд. Инчунин, дар шароити ҷаҳонишавӣ истифодаи самараноки технологияҳои инноватсионӣ, ба монанди, сарфакорона истифода намудани барқ ва татбиқи онлайн-мағозаҳои тиҷоратӣ ба самъи аъзоёни комиссия лоиҳаҳо пешниҳод шуданд.

Дар номинатсияи бизнес–лоиҳаи беҳтарин бештар донишҷӯён дар самти ташкили корхонаҳои хурду калон, ба монанди корхонаи коркарди дубораи маҳсулоти полиэтиленӣ, инчунин бо мақсади солимгардонӣ ташкили мавзеҳои фароғатию истироҳатӣ ҷиҳати рушди соҳаи сайёҳӣ, ташкили инфрасохтори замонавии ба талаботи стандарти байналмилалӣ ҷавобгӯ ва амсоли он лоиҳаҳо пешниҳод намуданд.

Дар натиҷа, аз рўйи номинатсияи ғояи беҳтарин донишҷўи курси 3-и факултети сиёсатшиносӣ ва МБ Баҳоваддин Қурбонов сазовори ҷойи якум, донишҷўи курси 2 –и факултети баҳисобгирӣ ва андоз  Сарвиноз Мирзобоева ҷойи дуюм, донишҷуи курси 4- уми факултети ҳуқуқшиносӣ Ислом Одиев ба гирифтани мақоми сеюм комёб гардиданд.

Дар номинатсияи ихтирооти беҳтарин бошад Дониёрбек Қаробоев донишҷўи курси 4-и факултети инноватсия ва телекоммуникатсия, Ҷасурбек Нишонов донишҷўи курси 2-и факултети инноватсия ва телекоммуникатсия Маъсуда Ғафурҷонова магистранти соли 2, Сарвар Ахмедов донишҷуи курси 1-и факултети ҳуқуқшиносӣ ва Абдуворис Абдусамадов донишҷўи курси 1-и факултети бизнес ва идоракунӣ ғолиб дониста шуданд.

Аз рўйи номинатсияи бизнес –лоиҳаи  беҳтарин бошад Рухшед Ҷабборов донишҷўи курси 3-юми  факултети молия сазовори  ҷойи якум, Азиза Мирзоҷонова, Шаҳзода Акилжанова, Ганҷина Абдуғаниева, донишҷўёни курси 2-юми факултети баҳисобгирӣ ва андоз ҷойи якум, Равшан Бобокалонов донишҷўи курси 1-и факултети бизнес ва идоракунӣ мақоми дуюм, Фазлиддин Нарзиддинов донишҷўи курси 3, факултети инноватсия ва телекоммуникатсия ва Фирдавс Каримов донишҷўи курси 2, факултети молия сазовори ҷойи сеюм шуданд.

Ғолибони озмун мувофиқи низомномаи тасдиқгардида бо мукофотпулӣ қадрдонӣ карда мешаванд.

Шуъбаи таҳлил ва робита бо ҷомеа

 

 

 

You might also like