Донишҷӯёни ДДҲБСТ соҳиби ҷойи кор шуданд

Натиҷаи ҳамкориҳои мутақобилан судманди Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон бо Ташкилоти амонатии қарзии хурди “Ҳумо” буд, ки 5 нафар донишҷӯёни донишгоҳ соҳиби ҷойи корӣ гарданд. Ҳафт нафар донишҷӯёни факултетҳои баҳисобгирӣ ва андоз молияи донишгоҳ дар ТАҚХ “Ҳумо” давоми ду рӯз аз санҷишҳои супоридани тест ва сӯҳбат гузашта, дар натиҷа панҷ нафар хатмкунандагон соҳиби ҷойи кор шуданд.

Зимни суҳбат бо донишҷӯён директори филиали  ҶСП ТАҚХ “Ҳумо”  дар шаҳри Хуҷанд Мансур Худойқулов аз ҳамкориҳои судманди ДДҲБСТ бо ТАҚХ “Ҳумо”изҳори хушҳолӣ карда, афзуд ки аксарият кормандони ташкилот хатмкунандагони ин донишгоҳи бонуфуз мебошанд. Илова гардид, ки танҳо нафароне соҳиби ҷойи кор мешаванд, ки  дорои донишҳои хуби ихтисосӣ, малакаву ҷаҳонбинии васеъ ва кордону қобилятнок бошанд.

Пас аз ду марҳилаи санҷишҳо чор нафар донишҷӯён аз факултети баҳисобгирӣ ва андоз Абдуғаффор Абдулҳаев, Саидусмон Олимов,  Амонҷон Ҷӯраев ва Азимҷон Ғафуров ва як нафар аз факултети молия Раҳматҷон Дадоҷонов аз озмун гузашта, дар ташкилоти мазкур ба кор қабул гардиданд. Дар интиҳо ба хотири ҳамкориҳои судманд туҳфаи рамзии раёсати донишгоҳ дар директори филиали ТАҚХ “Ҳумо” тақдим карда шуд.

Ёдовар мешавем, ки Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон бо беш аз 120 ташкилоту идораҳо шартномаҳои ҳамкорӣ ба имзо расонидааст. Гузаронидани таҷрибаомӯзиҳои истеҳсоливу пешаздипломӣ дар мақомоту ташкилотҳои ҳамкор имконият медиҳад, ки донишҷӯён аз худ маҳорату малака ва қобилияти баланд нишон дода, соҳиби ҷойи кор гарданд.

Шуъбаи таҳлил ва робита бо ҷомеа

You might also like