Семинари омӯзишӣ донишҷӯёнро сарҷамъ кард
Дар Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон семинари навбатӣ дар мавзӯи “Маҳаллигардонии Ҳадафҳои рушди устувор, мониторинг ва арзёбии дастовардҳои Стратегияи миллии рушд” баргузор гардид.
Дар кори семинар муовини ректор оид ба робитаҳои байналмилалӣ Даврон Бобоҷонов, устодону донишҷӯёни фаъол ширкат варзиданд.
Дар семинар омӯзгорон ва донишҷуёни ихтисосашон гуногун аз ҳама факултетҳои донишгоҳ ҷалб гардида буданд. Дар рафти семинар донишҷӯён хеле фаъолона вобаста ба мавзӯи интихобгардида андешаронӣ карданд. Барои иштирокчиён презентатсияхо ва филми хуччатӣ намоиш дода шуд.
Мақсади гузаронидани семинар баланд бардоштани маърифатнокии ҷавонон ва васеъ намудани ҷаҳонбинии онҳо арзёбӣ карда шуд. Семинари мазкур ба муносибати ба 75-умин солгарди Созмони Милали Муттаҳид роҳандозӣ гардидааст.
Дар охири чорабинӣ аз тарафи роҳбарияти донишгоҳ ба тренер ва ташкилкунандагони семинар сипоснома ва тӯҳфаҳои хотиравии раёсати донишгоҳ тақдим гардид.
Чорабинии мазкур бахшида ба 75-солагии Созмони Милали Муттаҳид бо дастгирии Барномаи Рушди Созмони Милали Муттаҳид (БРСММ) дар Тоҷикистон аз ҷониби ТЧ “АЗИТ” амалӣ гардид.
Шуъбаи таҳлил ва робита бо ҷомеа










