Кормандони шуъбаи БДА бо донишҷӯёни ДДҲБСТ мулоқот карданд

Дар маҷлисгоҳи Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон мулоқоти кормандони шуъбаи Бозрасии давлатии автомобилии Раёсати ВКД ҶТ дар вилояти Суғд бо роҳбарони гуруҳҳои академӣ, донишҷӯёни фаъол баргузор гардид. Муовини ректори донишгоҳ Ҳаким Ғаюров вохӯриро ифтитоҳ намуда, меҳмононро ба иштирокчиён шинос кард ва ҳадафи мулоқотро муфид маънидод намуд.
Сипас, сардори шуъбаччаи ташвиқот ва тарғиботи шуъбаи БДА РВКД ҶТ дар вилояти Суғд Карим Раҳимзода вобаста ба ҳодисаҳои роҳу нақлиётӣ дар ҳудуди вилоят маълумот дод. Иброз шуд, ки имрӯзҳо новобаста аз ташкилу баргузор намудани мулоқоту вохӯриҳо бо табақаҳои гуногуни ҷомеа мутаассифона ҳодисаҳои роҳу нақлиётӣ ҳанӯз ҳам ташвишовар аст. Аз донишҷӯён даъват ба амал оварда шуд, ки нахуст худашон талаботу қоидаҳои роҳро риоя намоянд ва барои дигарон иҷрои онро тавсия диҳанд. Ҳангоми ҳаракат дар кӯчаву хиёбон аз гузаргоҳо истифода баранд.
Масъалаи дигаре, ки дар мулоқот ба он таваҷҷӯҳ гардид бо нақлиёти шахсӣ ба дарс омадани донишҷӯён буд. Гуфта шуд, ки хушбахтона тайи солҳои охир бо нақлиёти шахсӣ ба донишгоҳ омадани донишҷӯён коҳиш ёфтааст ва ин раванд бояд беназорат гузошта нашавад.
Карим Раҳимзода аз иштирокчиён даъват ба амал овард, ки дар пешгирӣ аз паҳншавии бемории коронавирус низ саҳмгузор бошанд. Ҳангоми истифодаи нақлиёти мусофиркаш нахуст худ ниқоби тиббӣ дошта, масофаи иҷтимоиро риоя намоянд ва ба дигарон низ тавсия диҳанд. Мулоқоти мазкур бо саволу ҷавоб ва пешниҳоди дархосту суҳбати озод ба интиҳо расид.
You might also like