Дар мубориза бо коррупсия муттаҳид мегардем
Дар равандҳои сиёсии ҷаҳони имрӯза коррупсия ҳамчун зуҳуроти номатлуби иҷтимоӣ мушкилоти гаронеро барои инсоният ба бор овардааст. Ин нукта зимни баргузории конференсияи тарбиявӣ, ки дар кафедраи сиёсатшиносӣ баргузор гардид шунида шуд. Конфронс “Дар мубориза бо коррупсия муттаҳид мегардем” унвон дошта, бахшида ба Рӯзи байналмилалии мубориза бо коррупсия доир гардид. Илова шуд, ки ҳарчанд аҳли ҷомеа бар зидди ин амалҳои ғайриқонунӣ доимо дар мубориза омода бошад ҳам, то ба ҳол, чӣ дар давлатҳои абарқудрат ва чӣ дар давлатҳои рӯ ба инкишоф, коррупсия арзи ҳастӣ дорад. Илова гардид, киавфнокии коррупсия дар он зоҳир мегардад, ки устувории ахлоқи ҷомеаро коста гардонида, ҳамчун зуҳуроти иҷтимоӣ ба тамоми ҷанбаҳои ҳаёти ҷамъиятӣ таъсири манфии худро мерасонад. То имрӯз ба ҳеҷ як давлати дунё муяссар нагаштааст, ки коррупсияро пурра аз байн барад, иброз шуд, зимни баромади маърӯзакунандагон. Пайдоиши коррупсия ба даврони таназзули ҷамоаи ибтидоӣ ва ба миён омадани давлатҳои нахустин, яьне то замоне рафта мерасад, ки вазифаи идоракунӣ имконияти фоидабиниро ба вуҷуд оварда буд. Ин раванд дар ҳар сарзамин ба тарзи хос ҷараён ёфта, онро халқҳои гуногун ба ҳар тарз аз cap гузаронидаанд.
Ҳамчунин, ба муносибати Рӯзи умумиҷаҳонии мубориза бо коррупсия дар Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон аксияи умумидонишгоҳӣ доир гардид. Аз субҳи барвақт ба ҳама донишҷӯёну устодони донишгоҳ варақаҳои иттилоотии маҳкумкунандаи коррупсия тақдим карда шуд. Ёдовар мешавем, ки бо ташаббуси Маҷмааи кулли Созмони Милали Муттахид 9-уми декабр, ҳамчун «Рӯзи байналмилалии мубориза бо коррупсия» дар тамоми ҷахон эълон шудааст.
Шуъбаи таҳлил ва робита бо ҷомеа








