Хушунати хонаводагӣ ва паёмадҳои он
Маъракаи иттилоотии «16 рӯз мубориза алайҳи хушунат» ҳамасола дар қаламрави мамлакат гузаронида шуда, дар доираи он баҳри пешгирии хушунат як қатор чорабиниҳо, аз ҷумла вохӯриву суҳбатҳо ва корҳои тарғиботию ташвиқотӣ ба роҳ монда мешавад.
Дар ин замина дар Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон мулоқот бо иштироки занони фаъол ва намояндагони ташкилоту идораҳои масъул баргузор гардид.
Дар мулоқоти судманд намояндагони КИ ҲХДТ дар вилояти Суғд ва дигар идораву бахшҳо иштирок ва баромад карданд.Таъкид гардид, ки Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ҷиҳати пойдории оилаҳо масоили марбут ба хушунатро дар меҳвари фаъолияти худ қарор дода, ҷиҳати мубориза бо ин зуҳуроти номатлуб тадбирҳои заруриро амалӣ мекунад.
Дар мулоқот бобати якдигарфаҳмӣ дар оила, муносибатҳои байниҳамдигарӣ, эҳтироми калонсолон дар оила, сарфаю сариштакорӣ ва ба васила ҷиҳати пешгирии омилҳои хушунат дар оила сухан рафт.
Дар идомаи мулоқот бобати намудҳои зӯроварӣ ва оқибатҳои он ва пешгирии бемории сироятии коронавирус маслиҳатҳо дода шуд. Донишҷӯёни фаъоли донишгоҳ низ бобати пешгирии зӯроварӣ дар оилаҳо роҳҳои мустаҳкамсозии оиладорӣ, пешгирии азҳампошии оилаҳо изҳори назар карданд. Мулоқот бо саволу ҷавоб байни иштирокчиён ба интиҳо расид.
Шуъбаи таҳлил ва робита бо ҷомеа



