Мулоқоти судманд бо донишҷӯён
05 декабри соли равон дар маҷлисгоҳи бинои таълимии №2-и Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон мулоқоти сардори Раёсати огоҳонӣ ва пешгирии ҳуқуқвайронкунии ноболиғону ҷавонони Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо устодону донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон баргузор гардид.
Мулоқотро муовини ректор оид ба корҳои таълим Ғаюров Ҳ.Ш. ифтитоҳ намуда, меҳмононро ба иштирокчиён шинос кард ва ҳадафи вохӯриро мусбӣ маънидод намуд. Мавсуф ҳамчунин иброз дошт, ки раёсати Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон баҳри иҷрои саривақтии дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва қарорҳои Ситоди ҷумҳуриявӣ оид ба пешгирӣ аз паҳншавии бемории коронавирус (COVID-19) тадбирҳои заруриро роҳандозӣ намуда истодааст. Қайд гардид, ки дар донишгоҳ ситоди доимоамалкунандаи донишгоҳӣ ҷиҳати пешгирии интиқол ва паҳншавии бемории сироятии коронавирус (COVID-19) ташкил гардидааст, он аз 33 нафар иборат аст. Сипас, сардори Раёсати огоҳонӣ ва пешгирии ҳуқуқвайронкунии ноболиғону ҷавонони Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, полковники милитсия Бухоризода Мансур Ғоиб баромад карда, қайд намуд, ки дар қатори дигар сохторҳову мақомотҳои давлатӣ ҷиҳати пешгирӣ аз сироятёбӣ ва паҳншавии бемории коронавирус (СOVID – 19) Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд тамоми тадбирҳои заруриро роҳандозӣ менамояд. Қобили тазаккур аст, ки ҳисси ватандӯстиву меҳанпарастӣ водор месозад, ки имрӯз бо талош, муттаҳидӣ, иродаи қавӣ ва умед ба беҳдошти ҷойҳои ҷамъиятӣ ва оила камари ҳиммат бандем.
Ҳамзамон таъкид шуд, ки терроризм ва ифротгароӣ яке аз зуҳуроти номатлуб дар замони имрӯза ба шумор меравад. Терроризм содир намудани амалҳое мебошад, ки ба одамон хатари марг ба миён меоварад, истифодаи он мақсади ҷисман бартараф кардани рақиби сиёсӣ, вайрон кардани бехатарии ҷамъиятӣ, тарсонидани аҳолӣ ё расонидани таъсир барои аз тарафи ҳокимият қабул кардани қарорҳо мебошад.
Мулоқоти мазкур бо мақсади баланд бардоштани донишҳои ҳуқуқиву сиёсии ҷавонон, боло бурдани ҳисси ватандӯстиву хештаншиносии онҳо роҳандозӣ гардид.
Шуъбаи таҳлил ва робита бо ҷомеа


