Авҷи корҳои созандагӣ дар ДДҲБСТ
Дар доираи корҳои ободониву созандагӣ ба истиқболи 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Донишгоҳи давлатиии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон корҳои бунёдкорӣ ва хуррамгардониву кабудизоркунӣ вусъати тоза касб менамояд. Аз ҷумла, имрӯз бо ташаббуси раёсати донишгоҳ шурӯъ аз гардиши Маҷмааи таърихиву фарҳангии Истиқлол то бинои таълимии №2 –и донишгоҳ, дар канори роҳ беш аз 300 адад дарахти ҳамешасабзи Арча шинонда шуд.
Дар маъракаи ниҳолшинонӣ ва ободонии ин гӯшаи донишгоҳ ректори донишгоҳ, профессор Муъмин Шарифзода, раиси КИ ҲХДТ дар вилояти Суғд Зуфар Исмоилзода, раиси КИ ҲХДТ дар шаҳри Хуҷанд Наим Маликисломӣ, кормандону устодон ва донишҷӯёни ДДҲБСТ саҳми худро гузоштанд. Ёдовар мешавем, ки имрӯзҳо дар асоси дастуру супоришҳои созандаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар саросари мамлакат маъракаи ниҳолшинонӣ ҷараён дорад. Ҳамзамон дар дигар мавзеъҳои донишгоҳ маъракаи ниҳолшинонӣ ва тозаву озоданамоии атрофи биноҳои таълимии донишгоҳ бо ҷалби васеи ҷомеаи меҳнатии донишгоҳ ҷараён гирифт.
Дар доираи 1300 рӯзи меҳнати зарбдор ба истиқболи 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон корҳои ободониву бунёдкорӣ бо маром идома дорад.
Имрӯзҳо корҳои бунёдкорӣ дар бинои иловагии таълимӣ бо тарҳу намои замонавӣ ҷараён дорад. Бино аз ду ошёна иборат буда, синфхонаҳо, долону маҷлисгоҳ ва лабараторияҳои он таъмир гардида истодааст.
Ҳамчунин, дар ДДҲБСТ бинои дигари дуошёнаи факултети муштараки ДДҲБСТ ва Донишгоҳи давлатии ҳуқуқи шаҳри Тошканд пурра таъмиру азнавсозӣ гардида, рӯзҳои наздик мавриди баҳрабардорӣ қарор хоҳад гирифт. Бинои таълимӣ дорои синфхонаҳои зебову замонавии бо таҷҳизоти муосири таълимӣ муҷаҳҳаз буда, корҳои ободонӣ дар саҳн ва атрофи бино дар ҳоли анҷомёбист.
Шуъбаи таҳлил ва робита бо ҷомеа

















