ДДҲБСТ: Гирандагони Стипендияи раиси вилоят меафзояд

3 декабри соли 2020 дар толори қабули расмии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят маросими супоридани стипендияи Раиси вилояти Суғд ба донишҷӯён, магистрантон ва аспирантони муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва миёнаи касбӣ баргузор гардид.

Дар ин озмун аз Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон 26 нафар сазовору унвони гирандаи стипендияи Раиси вилояти Суғд гардиданд, ки аз онҳо 18 нафар донишҷӯ, 4 нафар магистрант ва 4 нафар докторант мебошанд.

Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода зимни тақдими стипендияҳо ба донишҷӯён, магистрантон ва аспирантони муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва миёнаи касбӣ иброз дошт, ки ҷавонони кишвар, аз ҷумла, ҷавонони вилояти Суғд дар таҳкими пояҳои давлатдорӣ, рушди босуботи ҷомеа ва пешбурду татбиқи сиёсати созандаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят нақши муҳим доранд.

Дар соли хониши 2020-2021 шумораи умумии донишҷўёни муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва миёнаи касбии вилоят дар маҷмўъ беш аз 69 ҳазору 642 нафарро ташкил медиҳад. Ҳамчунин, дар ҳудуди вилоят имрўз 1267 нафар магистрант ва 82 нафар аспирантон ба таҳсилу таҳқиқ машғуланд.

Дар вазъияти тантанавӣ ба 130 нафар донишҷўёну магистрантон ва аспирантони муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва миёнаи касбии вилоят, ки аз ҷониби комиссия интихоб ва пешбарӣ шуда буданд, дар маҷмуъ 134 ҳазору 500 сомонӣ стипендияҳо супорида шуд.

Дар охир ҷавонон изҳор доштанд, ки дар ҷавоби ин ғамхориҳо пайваста мекўшанд, ки бо хониши аъло, иҷрои корҳои таҳқиқотии илмӣ, хизмат дар сафи Артиши миллӣ ва муҳим аз ҳама, дар тарғибу татбиқи сиёсати Ҳукумати Тоҷикистон саҳм гузошта, ба Ватани соҳибистиқлоламон хизмат менамоянд.

Шуъбаи таҳлил ва робита бо ҷомеа

 

You might also like