Кабирӣ: мо ҳам кам-кам ёди Худоро мекунем!

Минтақаи Осиёи Марказӣ ва Ҷумҳурии Тоҷикистон дар даҳсолаҳои охир зери таваҷҷўҳи дигар кишварҳо қарор гирифтааст, ки сабаби он равандҳо ва ҳодисаҳои дар ин минтақаҳо ба амаломадаистода маҳсуб меёбад. Таъмини амнияти миллӣ ва минтақавӣ самти муҳими рушди босубот ва таъмини оромӣ дар тамоми кишварҳо ба ҳисоб меравад.

Дар ҳар як баромади худ Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон диққати насли наврас, ҷавонон ва волидайни онҳоро ба ҳодисаҳои мудҳиши солҳои пешин дар таърихи кишвар, ки даҳҳо ҳазор ҷони мардуми бегуноҳро рабурдааст, ҷалб менамоянд. Зеро мардум бояд худогоҳ ва эҳтиёткор бошад ва дар садоқат ба Ватан шинохта шавад.

Танҳо дар 5 соли охир аз ҷониби мақомотҳои дахлдори кишварамон 39 адад ҷиноятҳои хусусияти террористидошта, 233 ҷинояти хусусияти экстремистидошта ошкор гаштаанд, ки саркардагони онҳо ҳамон хиёнаткорони Ватан мебошанд. 183 адад делои ҷиноятӣ нисбати нафароне, ки бо фаъолияти экстремистӣ машғул ҳастанд, ошкор гаштааст. 2700 нафар ҷавонон бо ташаббуси Президенти кишвар дар 4 соли охир аз муассисаҳои таълимии шубҳанок ба Ватан баргардонида шуданд. Барои истифодаи ҷавонон дар мақсадҳои сиёҳи худ душманон технологияҳои иттилоотии навин ва шабакаҳои иҷтимоии интернетро истифода менамоянд.

Идора кардани тафаккур ва вайрон кардани мафкураи одамон масъалаи идоранамоии онҳоро осон мегардонад, ва аз тарафи дигар каниши бузургеро байни ҳақиқат ва расонидани иттилоот ба миён меорад. Ин кўшишҳоро хиёнаткорони Ватан ба амал оварда истодаанд. Зўроварӣ ва дилбастагӣ ба неъмат боиси аз решаҳои табиати одамии худ канда шудан мегардад.

Дар чанд мақолаи таҳлилии олимон ва рӯзноманигорон, ки ба чоп расиданд, инчунин наворҳои сабтшудаи филми «Хиёнат» исбот шудааст, ки хиёнаткорони Ватан, аз қабили Кабирӣ, Муҳаммадиқболи Садриддин ва дигарон, душмани аслии миллати тоҷик ҳастанд ва зери парда истода, дар хизмати «балегӯёни хориҷияшон» мебошанд. Ва боз чанд рафтору гуфтори номардонаи душманонаи наҳзатиён ошкор карда шуд, аниқтараш парда аз чеҳраи наҳзатиёни хоини миллати тоҷик бардошта шуд.

Ватанфурўшон худ хиёнаткор ҳастанд, вале Пешвои муаззами миллати моро ба гуноҳҳои бофтаи худ айбдор менамоянд. Он «хиёнатҳо»-е, ки душманони миллат пеш аз ҳама Кабирӣ ва муридони ӯ ба Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон  насб карданианд, амали навбатии ноҷавонмардонаи хиёнаткорон мебошад, ки забони кас намеравад онҳоро ба қалам орад.

Чӣ гуна инсон будан лозим аст, ки ин қадар хиёнат ба Ватан намояд. Не. Онҳоро инсон номидан нодуруст аст. Албатта баъди ошкор шудани ҷиноятҳо ва шармандагӣ байни мардум онҳо касеро айбдор намудан мехоҳанд. Халқи тоҷик худ шоҳиди зинда аст, ки аз фаъолияти роҳбарии Эмомалӣ Раҳмон бохабар мебошад, «тарошидани майнаи сари халқи тоҷик» бо тўҳмату бўҳтонҳо лозим нест. Халқи тоҷик интихоби худро кардааст, ба Пешвои худ эътимод дорад ва ояндаи хешро бо Эмомалӣ Раҳмон мебинад. Мо ҳаёти осоишта мехоҳем. Магар ин қадар ободиву тинҷию амонии Тоҷикистон ба шарофати Президенти муаззами мо нест? Эмомалӣ Раҳмон яке аз шахсиятҳои нодир, нотакрор ва маъруфи замони мо мебошанд. Ин шахсият яке аз инсонҳое мебошанд, ки баҳри озодагиву некуаҳолӣ, тинҷию осудагӣ, пешравию дастовардҳои назарраси миллати тоҷик талош доранд.

Хоинони миллат бигзор таърихро сохтакорӣ накунанд. Зеро шоҳидон ҳоло зиндаанд. Куштори мардуми бегуноҳ хиёнати хоинони миллат аст. Шумо худ зархарид ҳастед ва корҳои карда истодаи шумо маҳз барои пулу мол аст. Дар ин шароити муташаниҷи касалии эпидимикӣ, ки кулли оламро фаро гирифтааст, вақти бозиҳои сиёсӣ нест. Шумо аз кардаҳои худ пушаймон шаведу аз Парвардигор, ки гоҳ- гоҳ ба ёд меореду сухан мегуед, талаби бахшиши гуноҳҳоятон кунед.

Азимова Н.С.- н.и.п., дотсент, мудири кафедраи

фанҳои риёзӣ-табатшиносии муосир

You might also like