Мухолифон ба ном ҳомиёни ҳуқуқи инсон
Тариқи шабакаҳои иҷтимоӣ, аз ҷумла бо шабакаи хабаррасонии “АЗДО ТВ”, ки зери сарпарастии ТЭТ ҲНИ ва Паймони миллӣ аст, паҳн шудани таҳлилҳои гуногуни ғалат ва иғвоангез аз онҳо гувоҳӣ медиҳад, ки ин тоифа кўшиши тағйир додани муносибати давлатҳои Аврупоро бо Тоҷикистон, ҷорӣ намудани таҳримҳо, паст задани обрӯ ва нуфузи кишвари моро дар сатҳи байналмилалӣ доранд. Ин ниятҳои пур аз ғараз ҳаргиз амалӣ нахоҳанд шуд.
Тамоми ҷаҳон шоҳиди он аст, ки чунин ин тоифа солҳои 90-ум асри гузашта мардуми Тоҷикистонро ба кадом бадбахтиҳо дучор карда буд. Барқарор шудани сулҳ дар Тоҷикистон ба рафти рўйдодҳои сиёсиву иқтисодии минтақа таъсири ҷиддӣ расонд, паҳн гардидани падидаҳои номатлуб ва бадбахтиҳоро дар минтақаи Осиёи Марказӣ боздошт, таҳдиди хавфи давом ёфтани муноқишаҳои мусаллаҳонаро дар ҳудуди давлатҳои дигари минтақа пешгирӣ ва бартараф кард.
Бар хилофи ҳама гуна ангезаи ифротиён, ки акнун дар ҳудуди давлатҳои Ғарб паногоҳ ёфта, худро “мухолифин, ҳомии ҳуқуқи инсон” ном мебаранд, ғояи сулҳу созандагӣ – ғояи асосии мардуми Тоҷикистон аст, ки самти тамоми дигаргуниҳоро дар кишвар ба сўи демократӣ сохтани ҳаёти ҷомеа муайян намудааст. Дастовардҳои Тоҷикистон ҷузъи муҳими таҷрибаи бунёди ҳаёти осоиштааст, ки ба муҳит ва хусусиятҳои рўйдодҳои ҷаҳонӣ мувофиқанд. Тоҷикистон бинобар ҳамкорӣ ва ҳамроҳ шудан ба равандаҳое, ки Иттиҳоди давлатҳои мустақил ва давлатҳои узви Созмони амнияту ҳамкории Аврупоро фаро гирифтааст, ба ҳамкории судманд бо тамоми кишварҳои ҷаҳон баҳри беҳтар кардани ҳаёти ҷомеа устуворона қадамгузошта истодааст. Сиёсати пешгирифтаи Тоҷикистон ба шарикӣ ва ҳамкории иқтисодӣ, ба инкишофи муносибатҳои дутарафа ва бисёртарафаи байни давлатӣ ва ба самаранок, мақсаднок ҳал кардани масъалаҳои гуногун дар соҳаҳои рушди иқтисодиву иҷтимоӣ мусоидат карда истодааст.
Тоҷикистон ҳанўз дар ибтидои истиқлолияти худ, ки оқибатҳои мудҳиши ҷанги шаҳрвандӣ, терроризм, экстремизмро аз сар гузаронид, ҷомеаи ҷаҳониро аз хавфу хатари ин падидаҳои харобиовар ва мудҳиш хабардор кард, яке аз иштирокчиёни фаъоли каолитсияи байналмилалии зиддитеррористӣ ва ташаббускори рушди фаъолияти каолитсияи байналмилалии муқовимат зидди маводи мухаддир аст. Ташаббусҳои Тоҷикистон доир ба таҷлили умумиҷаҳонии арзишҳои миллӣ, ташкили минтақаи амният дар атрофи Афғонистон, густариш бахшидан ба ҳамкориҳои иқтисодӣ, мўътадил гардонидани вазъият дар ин минтақа, таҳия ва қабули Консепсияи ягонаи каолитсияи мубориза бар зидди паҳншавии маводи мухаддир, ташкили сохтори минтақавии зиддитеррористӣ дар амалияи ҷаҳонӣ собиқаи нав гардидааст, ки маротибаи дигар садоқати Тоҷикистонро дар пойдор кардани сулҳ ва ҳамзиштии осоишта, пешгирии хатарҳои нав собит менамояд.
Дар шароити имрўза кўшиши хоинони Ватан пеш аз ҳама наҳзатиёну тарафдорони онҳо, ки бо хабару шиорҳои гуногун нуфузи Тоҷикистонро дар арсаи байналхалқӣ паст кардани ҳастанд, ҳаргиз ба мавқеъ ва сатҳи ҳамкории Тоҷикистон бо давлатҳои дигар таъсир нахоҳад расонд. Чунки Тоҷикистон рушди муносибатҳои иқтисодӣ ва вусъати ҳамкорӣ бо ташкилотҳои молиявии ҷаҳонӣ, ҷалби сармояи хориҷӣ барои пешрафти иқтисодиёти миллӣ, таъмини истиқлолияти энергетикӣ ва амнияти озуқаворӣ, саноатикунонӣ, густариши фазои иттилоотӣ, васеъ ба роҳ мондани ҳамкорӣ дар соҳаи сайёҳат ва хизматрасонӣ, сохтумони объектҳои энергетикӣ, роҳу пулҳо, истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ, дар татбиқи сиёсати оқилонаи ҳамзиштӣ дар фазои сулҳу ҳамдигарфаҳмӣ, дар рушди муносибатҳои фарҳангӣ дар доираи арзишҳои демократӣ ва умумибашарӣ устувор аст, ки афзалиятҳои муҳимтарини сиёсати хориҷии кишварро ташкил медиҳанд.
Раҳматулоев А.Э. – профессори кафедраи
ҳуқуқи судӣ ва назорати прокурории ДДҲБСТ