ДДҲБСТ: Баргузории чорабинии тантанавӣ ба ифтихори Рӯзи Парчами миллӣ
Имрӯз барои миллати соҳибтамаддуни тоҷик парчам сарчашмаи нерӯву тавонмандӣ дар роҳи созандагиву бунёдкорӣ ва сармояи ғуруру ифтихори миллӣ мебошад, иброз дошт ректори Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон профессор Муъмин Шарифзода зимни чорабинии тантанавӣ ба ифтихори Рӯзи Парчами миллӣ, ки дар маҷлисгоҳи донишгоҳ баргузор шуд. Илова гардид, ки Парчами давлатӣ сокинони кишари моро дар майдони ободониву созандагии Ватан муттаҳид намуда, ҳисси миллӣ, ифтихори ватандорӣ ва худшиносиву худогоҳии онҳоро тавсеаву тақвият мебахшад.
Дар идома, мудири шӯъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи дастгоҳи раиси вилояти Суғд Тоҷибой Султонӣ номаи шодбошии раиси вилоятро ба муносибати Рӯзи Парчами миллӣ ба самъи иштирокчиён расонид. Қайд шуд, ки маҳз бо парафшонии ин рамзи муқаддас мо ҳоло пояҳои давлати соҳибистиқлоламонро таҳким бахшида, барои ба як мулки ободу пешрафта табдил додани Тоҷикистони маҳбубамон саъю талош карда истодаем.
Қобили зикр аст, ки солҳои охир бунёди майдони Парчами давлатӣ ва парафшон намудани ин рамзи муқаддас дар маркази вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳои кишвар идома дорад.
Ҳамчунин, раиси КИ ҲХДТ дар вилояти Суғд Исмоилзода Зафар Муртазохон баромад намуда зикр дошт, ки Парчами давлатӣ, хусусан, барои ҷавонони Тоҷикистони азиз омили сарфарозӣ буда, онҳо дар ҳама ҷабҳаҳо зери ин рамзи давлатӣ муттаҳид мешаванд ва иқдомоти шоистаи ватандӯстонаро, аз ҷумла дар ҳимояи Ватани маҳбуб ва дифои ҳар ваҷаб хоки муқаддаси он бо ҳушёриву зиракӣ амалӣ менамоянд.
Ҷойи сарфарозист, ки имрӯз Парчами давлатии Тоҷикистон дар саросари олам партавфишонӣ карда, нишона аз мардуми сулҳхоҳу тамаддунсоз ва кишвари дар ҳалли масоили глобалӣ муваффақи мо мебошад. Қарзи фарзандӣ ва вазифаи шаҳрвандии ҳар яки мост, ки ба Парчами давлатӣ — ин рамзи истиқлолу озодӣ, иттиҳоду сарҷамъӣ, ватандориву ватанпарастӣ ва ҳувияти миллӣ арҷ гузорем.
Сипас, ба ғолибони озмуни вилоятии “Донишҷӯи сол-2020” ва дигар озмунҳои донишгоҳӣ Ифтихорномаву кӯмакҳои молии раёсати донишгоҳ тақдим гардида, чанде аз кормандону устодони донишгоҳ соҳиби унвони аълочии маориф ва Ифтихорномаҳои Вазорати маориф ва илми кишвар гардиданд.Ҳунарнамоии аъзоёни дастаи созиву овозии “Ошёни меҳр”-и назди раёсати донишгоҳ ба чорабинии тантанавӣ ҳусни анҷом бахшид.
Шуъбаи таҳлил ва робита бо ҷомеа


















