ТЭТ ҲНИ аз номи ветеранҳои меҳнат гап назан!

Ин маросиме, ки ба тахтнишинӣ ном гузоштед марсими ботантана қабул намудани вазифаи давлатӣ-Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аст, ки он дар асоси Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қонунҳои конститутсионии амалкунанда, дигар қонунҳои ҷорӣ ба вуқўъ пайваст ва дар он натиҷаи раъйи мардуми Тоҷикистони соҳибистиқлол инъикос гардид.

Дар ягон давру замон ягон давлати бекамбудӣ, яъне идеалӣ вуҷуд надошт ва минбаъд ҳам чунин дар назар аст. Лекин дар ҳама давру замон низоми давлатдорӣ, танзими масъалаҳои  иқтисодӣ, сиёсӣ, фарҳангӣ, иҷтимоӣ ва монади инҳо дар натиҷаи муқоиса хулосабардорӣ мегардад. Нафароне, ки дигаргуниҳои куллии мусбии дар Тоҷикистон ба вуҷуд омадаро, хусуан баъди истиқрори сулҳи тоҷикон, нодида мегиранд, онҳо ё кўр ҳастанд ё кўрнамак. Дастоварди бузурги замони соҳибистиқлолии Тоҷикистон ин пеш аз ҳама пойдории сулҳ , ҳамдигарфаҳмӣ, рушди соҳаҳои гуногуни ҳаёти ҷомеа аст. Замони ҷанги шаҳрвандӣ  дар Тоҷикистон эҳтимолият не, балки ҳақиқати пароканда шудани миллати тоҷик, маҳв гардидани давлати миллии тоҷикон сад фоиз вуҷуд дошт.

Хавфи асосӣ, ки онро имрўзҳо коршиносони масоили сиёсӣ (ҳам ватанӣ ва ҳам хориҷи кишвар) собит кардаанд, ин бар асари ҷанги шаҳрвандӣ ба Афғонистон паноҳбурдагон буданд, ки дар ғурбат қарор дошта аз гумроҳ шуданашон бехабар буданд. Аз нафароне, ки имрўзҳо аз гўшаю канорҳои гуногуни олам сару садои моҷароҷўёнаи доварӣ баланд карда истодаанд, кадоме сандуқи дили худро назди тири душман сипар намуда ба давлати беамн (ҳамон вақт ва ҳоло ҳам-Афғонистон) баҳри ба Ватан баргардонидани гурезагон сафарҳо анҷом дод?

Ҷавоб маълум аст: Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ  Раҳмон, ки ҳамон вақт дар бораи ҳаёти шахсии худ, зинда мондан ва ё ба ҳалокат расидани худ андешае ҳам намекард. Ҳамаи даъвоҳое, ки дар маводи  Исломиддин Садиров оварда шудаанд моҷароҷўёна ва иғво аст.

Дар мавод доир ба гўё 70 соли даврони шўравӣ бесамар бошад ишорае ҳам ҳаст. Ин мавқеъ низ аз кўр ё кўрнамак будани муаллиф дарак медиҳад. Замони Шўравиро падару модарон, бибию бобёни мо ташкил намуданд, гузаштагони мо дар он замон низ дар сангарҳои муқобил қарор доштанд, лекин мо ҳуқуқи маънавии паст задани онҳоро надорем, ҳол он ки бархе аз онҳо босмачӣ ҳам буданд. Аз нав муқобилгузории замони имрўз ва замони гузашта заминаи,ба ақидаи мо,  тайёрии ҷанги граждании дигар аст. Ба ин роҳ додан мумкин нест.

Вобаста ба қарор гирифтани Артиши хориҷӣ дар Тоҷикистон. муаллифи мавод, ба андешаи мо, қисме аз Артиши Федератсияи Россияро дар назар дорад. Дар таърихи сиёсӣ ва ҷаҳони муосир аҳд ва шартномаи ҳарбӣ бо ин ё он давлати алоҳида ва ё гурўҳи давлатҳо, ягон гапи нав нест. Тоҷикистон дар ин самт муваффақ ҳам ҳаст. Агар ки чунин эҳтиёҷ ба манфиати ҷомеа ва давлати мо намебуд, роҳбарияти сиёсии давлатамон Артиши давлати хориҷиро дар қаламрави худ даромадан намемонд. Ин ҳадаф низ иғво ва заминаи моҷаро аст.

Дар ҳақиқат Тоҷикистон аъзои Созмони аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ (СААД)  аст. Бояд тазаккур дод, ки дар ҳолати 01.01.2020с. давлатҳои зерин ба СААД шомил мебошанд: Арманистон, Белоруссия, Қазоқистон, Қирғизистон, Россия ва Тоҷикистон. Чӣ ягон аз ин давлатҳо мустақилияти худро аз даст дод магар? Баръакс онҳо дар ин заминаи сиёсӣ-ҳарбӣ пурқувват шуда истодаанд. Дигар сафсатаҳои дар маводи Исломиддин  Садиров оварда шуда кирои хондан ҳам нест. Тоҷикистон ба пеш бо Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ  Раҳмон!

Пўлотов К.И. – сармуаллими кафедраи

ҳуқуқи ҷиноятӣ, криминалистика

ва пешгирии коррупсияи ДДҲБСТ

You might also like