Сиёсати дурандешона
Нимаи дуюми садаи XX ба халқи тоҷик муяссар гашт, то баъди гузашти ҳазорсолаҳо аз нав соҳиби давлати миллии худ гардад, аз нав ба ҷаҳониён оид ба соҳибдавлату соҳибтамаддун будани худ дарак диҳад, аз нав тоҷи давлатдориро дар сар гузошта, давлатеро бо номи Тоҷикистон дар харитаи сиёсии ҷаҳон эҳё намояд. Тоҷикистон ва тоҷикистониён бо роҳбари хирадмандонаи худ дар баробари ҳаллу фасли мушкилоти зикргардида ҳамдилии беш аз пешро барои ҳарчӣ зудтар ба эътидол овардани вазъ дар соҳаи тандурустӣ ва иқтисоди ҷаҳонӣ аз ҷумлаи авлавиятҳои муҳимтарин медонад, ки ин душманони миллатро ба ташвиш меоварад. Хатару таҳдидҳои имрӯза вокунишҳои бетаъхири ҷомеаи ҷаҳониро бар пояи ягонагӣ, ҳамдилӣ ва ҳамкориҳои бисёрҷонибаи судманд тақозо менамояд.
Халқи тоҷик заҳматқарин ва бонангу номус буда, дастгирӣ аз сиёсати пешгирифтаи Ҳукумати кишвар дар ҷодаи ободкориву созандагии Ватани азизамонро пеша кардааст. Дар давраи роҳбари Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дастовардҳои давлатамон бармеояд, ки ин гӯшаи диёрамон дар солҳои соҳибистиқлолӣ хеле обод гардида, сатҳи рӯзгори мардум сол ба сол беҳтар шуда истодааст. Тасдиқи ин амалҳо сохтмону таъмир ва муҷаҳҳаз намудани муассисаҳои таълимӣ, беҳтар намудани сатҳи хизматрасонии тиббӣ, таъмини рушди соҳаи кишоварзӣ ва идоракунии захираҳои об, анҷом дода шудаанд. Саноатикунонии босуръатро ҳамчун ҳадафи чоруми стратегии кишвар қабул кардани давлат ки он барои рушди саноат барои таъмин намудани устувории иқтисодиёт, ташкили ҷойҳои нави корӣ, баланд бардоштани иқтидори содиротии мамлакат ва рақобатпазирии он замина мегузорад ва рушди соҳаи саноат, инчунин, барои пешравии соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқи кишвар имкониятҳои васеъ фароҳам меорад.
Давлат саъю талошҳоямонро ҷиҳати татбиқи ташаббусҳои созандаи хеш дар масоили марбут ба захираҳои об ва тағйирёбии иқлим муштарак бо дигар кишварҳо тақвият бахшем.
Оиди дар рӯи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон (на рӯи китоби муқаддаси мусулмонон – Қуръон!) даст гузошта қасам ёд кардани Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон қайд карданиям, ки Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар роҳи давлатсозиву давлатдории навини тоҷикон шаҳодатномаи ҳар як халқи соҳибистиқлол ва гувоҳномаи давлати озоду мустақил ва ҳамзамон санади танзимкунандаву муайянсозандаи низоми давлатдорӣ ва муҳимтар аз ҳама, кафолатдиҳандаи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд аст. Бисту шаш соли амали Конститутсияи ЧТ собит сохт, ки қонуни асосии зиндагии давлат ва ҷомеаи мо аз имтиҳони ҷиддии ҳаёт гузашт ва дурустии мақсаду вазифа ва арзишҳое, ки Конститутсия ба он асос ёфтааст, исбот гардид.
Душманони миллат, ба монанди тарафдори ТЭТ ҲНИ Исломиддин Садиров, ки аз паст будани ҳисси ватандустӣ, хислатҳои неки инсонӣ, ростқавлию поквиҷдонӣ бархурдор набудани ин гуна афродон, ки худ барои миллату давлат ягон хизмате накардаанд. Аммо муҳимтар аз ҳама он аст, ки миллати мо азму иродаи қавӣ ва самти дурусти зиндагӣ дорад ва ин фазилатҳо миллатро дар ҳама давру замон аз ҳама душвориҳо берун хоҳад овард. Сиёсати давлату ҳукумат барои мо шаҳрвадони мамлакат тамоми шароитҳоро муҳайё гардонидааст.
Раҳматова З.М. – н.и.ҳ., дотсенти кафедраи
ҳуқуқи конститутсиони ДДҲБСТ