Табрикоти ректор, профессор Шарифзода Муъмин Машокир ба шарафи Рўзи Парчами миллӣ

 Мо, имсол Рўзи Парчами давлатиамонро зери таассуроти хурсандибахш аз тантанаи ҷашнҳои муқаддас – Рўзи  Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, 28-солагии Иҷлосияи XVI ва дастовардҳои фараҳбахшу беназири соҳаҳои  мухталифи  хоҷагии халқи мамлакат истиқбол мегирем.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати таҷлили Рўзи Парчами давлатӣ  ҳастии сарвати  муқаддаси маънавиамон – Парчамро чунин маънидод кардаанд:  «Парчами миллӣ имрўз ҳамчун нишонаи азму иродаи устувори мардум, барои ободии кишвари зебоманзарамон ҳаммароми «Дирафши Ковиён»-и аҷдоди ориётаборамон бо тобиши се ранг – ранги сурх – озодиву истиқлол, ранги сафед – сулҳу оромӣ, ранги сабз – ободиву хуррамӣ ва дар байни он рамзи тоҷи зарҳалини соҳибдавлатӣ бо ҳафт ситораи дурахшон бори дигар аз мавҷудияти тамаддуну фарҳанги бостонии тоҷикон, пайкори созандагию асолати миллӣ, давлату давлатдории мустақил ва ормонҳои ватанхоҳиву қаҳрамониҳои родмардони сарзаминамон башорат медиҳад».

Парчами кишварамон  аз ҳамон рўзҳои таърихии анҷумани саодати миллат – Иҷлосияи XVI Шӯрои Олӣ падид омада,  воқеан  бо таҷассуми мақсаду маром,  иродаи устувори мардум ва  кору пайкори созанда моро ба сўи рўзгори босаодат ва  ободии сарзамини аҷдодӣ раҳнамун месозад.

Қабули Парчами давлатии Тоҷикистон дар вазъияти ҳассос – нахустин солҳои давлати тозаистиқлол,  дар замири мардуми меҳан илҳоми тоза бахшид, эҳсоси миллиро такон дод, қувваҳои солими ҷомеаро муттаҳид сохт, таҳти парафшонии Парчами давлатӣ сохтори конститутсионӣ  барқарор гардид.  Маҳз, зери Парчами давлатӣ нерӯҳои содиқ ба Ватану миллат сарҷамъ гардиданд ва дар кишвар сулҳу субот, иттиҳоди қавии кулли сокинони мамлакат таъмин карда шуд. Парчами миллӣ имкон дод, ки ба мазмуну моҳияти давлати худ бо диди нав назар андозем, ба таърихи гузаштаамон бо чашми ибрат нигоҳ кунем ва ба сӯи ояндаи дурахшони давлату миллат бо эътимоди қавӣ қадамҳои устувор гузорем. Аз ҳамон лаҳза, ба асолати таърихӣ ва таъсири маънавии Парчами давлатӣ ҳамчун як зуҳуроти бисёр муҳимму арзишманди миллӣ эътиқод ва эътимод пайдо гардид. Маҳз, бо шарофати Парчами давлатӣ  имрўз номи давлати тоҷикон  вирди забони ҷомеаи ҷаҳонист ва ба Парчамаш суҷуд меоваранд.  Ин воқеаи  фараҳбахш дар таърихи имрўзу ояндаи давлатдории тоҷикон бо хатти зар сабт хоҳад гашт.

Аз он рўзе, ки миллати соҳибтамаддуни тоҷик соҳиби Парчам гардид, дар соҳаҳои мухталифи хоҷагии халқи мамлакат тағйироти бунёдӣ ба амал омада, бемайлон рушд меёбанд. Дар ин давра пояҳои давлатдории навин истеҳком ёфт, худшиносии миллӣ, парвариши эҳсоси ифтихор аз халқу Ватан, эҳтиром доштан ва ғанӣ гардонидани мероси илмию хаттӣ барин омилҳо густариши тоза пайдо карданд.

Парчами давлатӣ соҳибихтиёрии давлатро таҷассум намуда, василаи ҷудонопазир дар ҳифзи Истиқлолияти давлатӣ, якпорчагии марзу бум ва  забону фарҳанг мебошад. Дар тӯли таърихи дуру дарози тоҷикон маҳз ойини бостонии парчамдорӣ – аз  дирафши ковиёнӣ то парчами имрӯзаи давлатӣ имкон фароҳам овард, ки миллати сарбаланди тоҷик таҳти ин рамзи ватандорӣ дар муқобили ҳама гуна таҳдидҳо истодагарӣ карда, мероси ғании ниёгон, арзишҳои бостонии миллӣ ва дар маҷмӯъ, ҳастии миллати худро ҳифз намояд.

Шинохти муқаддасоти миллӣ чун Парчам  ҳар як фарди ҷомеаро ба сўи муттаҳидӣ,  ифтихор аз давлату давлатдорӣ, таҳкими истиқлолияти миллӣ раҳнамоӣ намуда, садоқату парастиши ҳар шаҳрвандро ба ин марзу бум меафзояд ва озими амалҳои нек мегардонад.

Бо истифода аз фурсати муносиб ҳамаи Шуморо бо Рўзи Парчами давлатӣ муборакбод намуда, бароятон тасиҳатӣ, рўзгори осуда ва дар фаъолияти минбаъдаатон комёбиҳои беназир таманно дорам.

        Бигзор, Парчами давлатии Тоҷикистони соҳибистиқлол, ҳамчун муқаддасоти бегазанди миллӣ бар сари миллати сарбаланди тоҷик парафшон бошад

You might also like