Баргузории чорабиниҳои мухталиф дар доираи ҳафтаи кафедраи таърихи халқи тоҷик
Ба истиқболи Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Парчами миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар кафедраи таърихи халқи тоҷики Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон шуруъ аз санаи 16 ноябр ҳафтаи кафедраи мазкур бо баргузории маҳфилҳои илмиву чорабиниҳои тарбиявӣ то ба имрӯз идома ёфт.
Дар доираи ҳафтаи кафедраи таърих аъзоёни кафедра дар мавзӯҳои омӯзиши асарҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, иншо оид ба мавзӯҳои таърихи халқи тоҷик, баргузории “Викторина”оид ба таърихи халқи тоҷик, маҳфили илмии донишҷӯён “Авасто” ҳамчунин, ба ифтихори Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон конференсияи илмӣ-адабӣ таҳти унвони “Ливои тоҷикон поянда бод!”, дарси кушоди тарбиявӣ бо номи “Парчами миллӣ-рамзи давлатӣ ва эҳтироми он” ва мизи мудаввар дар мавзӯи “Масъалаҳои актуалии илми таърихнигории муосири тоҷик” баргузор гардиданд.
Зимни баргузории чорабиниҳо дар доираи ҳафтаи кафедраи мазкур устодону донишҷӯён дар мавзӯҳои алоҳида баромад карданд. Махсусан, дар ҷараёни баргузории виктаринаву маҳфилҳои илмӣ донишҷӯён фаъолорна иштирок карданд.
Дар ҷамъбасти ҳафтаи кафедраи таърихи халқи тоҷик ба устодону донишҷӯёни фаъол Сипосномаву Ифтихорномаҳо тақдим карда шуд.
Шуъбаи таҳлил ва робита бо ҷомеа









