Қадршиносии кормандону устодон ва донишҷӯёни фаъол ба ифтихори Рӯзи Парчами миллӣ
Парчам яке аз рамзҳои асосиву муқаддаси давлатдории миллӣ ба ҳисоб рафта, мардуми шарифи Тоҷикистон ҳар сол санаи қабули онро бо ҳисси ифтихор аз Ватани муқаддаси худ ва давлати соҳибистиқлоли хеш таҷлил менамоянд.
Ба ифтихори ин рукни муҳими давлатӣ дар маҷлисгоҳи Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон як зумра кормандону устодон ва донишҷӯёни донишгоҳ, ки ба дастовардҳои илмиву таълимӣ ва варзишӣ комёб гардидаанд, қадршиносӣ шуданд.
Зимни чорабинӣ ректори донишгоҳ профессор Муъмин Шарифзода тамоми мардуми кишварро ба ифтихори Рӯзи Парчами миллӣ шодбош намуда, афзуд, ки
Парчами давлати соҳибихтиёри мо нишонаи таъриху фарҳанги бостониву пурғановати миллати тоҷик буда, ҳар як фарди ҷомеаро вазифадор менамояд, ки нисбат ба ин рамзи муқаддаси миллӣ эҳтиром ва арҷ гузорад.
Воқеан, Парчами давлатӣ омили муайянкунандаи ҳувияти миллӣ ва тақвият пайдо кардани ҳисси милливу ифтихори ватандорӣ дар шуури ҳар як фарди бонангу номуси ҷомеа мебошад.Парчам рисолат ва нерӯи муттаҳидкунанда дорад, зеро он дарбаргиранда ва таҷассуми арзишҳои сиёсиву фарҳангӣ ва ғояву ҳадафҳои миллӣ мебошад.Таърих гувоҳ аст, ки ин рамзи миллӣ ба сифати омили нангу номуси ватандорӣ мардуми моро борҳо муттаҳид кардааст ва аз вартаи ҳалокат раҳо бахшидааст, илова намуд Шарифзода М.
Сипас, як қатор кормандону устодон барои хизматҳои назаррас бо Ифтихорномаву маблағҳои пулӣ ва донишҷӯён-ғолибони озмуни гирандагони Стипендияи раёсати донишгоҳ, ғолибони даври донишгоҳии озмуни вилоятии “Донишҷӯи сол-2020”, ғолибони озмуну мусобиқаҳои варзишӣ бо Сипосномаву маблағҳои пулии раёсати донишгоҳ ба ифтихори Рӯзи Парчами миллӣ қадрдонӣ гардиданд.
Шуъбаи таҳлил ва робита бо ҷомеа




