Хуб шуд, ки сомонаи «Ахбор.ком» қатъ гардид
Мутобиқи моддаи 8 Конститутсияи кишварамон «Дар Тоҷикистон ҳаёти ҷамъиятӣ дар асоси равияҳои гуногуни сиёсӣ ва мафкуравӣ инкишоф меёбад». Маҳз бо ҳамин замина имрўзҳо дар Тоҷикистони соҳибихтиёр шумораи зиёди ҳизбҳои сиёсӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ, сомонаҳои иттилоотӣ фаъолияти худро мутобиқи санадҳои меъёрӣ-ҳуқуқӣ пеш бурда истодаанд. Лекин ин маънои онро надорад, ки ташкилотҳои ғайриҳукуматӣ ба мафкураи ҷомеаи шаҳрвандӣ нуқсоне оварда берун аз меъёрҳои ҳуқуқӣ амал кунанд.
Комилан дуруст аст, вақте ки ба сомонаи расмии «Ахбор.ком» нигоҳ карда иттилоотҳоро мехонед, бисёре маълумотҳо на ин ки қишрҳои гуногуни ҷомеа, сохторҳои ҳокимияти давлатӣ, балки танҳо нисбати шахсиятҳои алоҳида, махсусан шахсони мансабдори давлатӣ равона шудааст. Ин исботи он аст, ки сомонаи «Ахбор.ком» мақсадҳои ифротгароиро дошта, маълумотҳоро бардурўғ пешиҳод намуда мафкураи халқро ба роҳи нодуруст мебаранд. Ин омили асоси барои носолим гардонидани ҷомеаи мо мебошад. Боз бар замми ин сардабири сомонаи «Ахбор.ком» Мирзои Салимпур қайд менамоянд, ки «хабару таҳаввулоти Тоҷикистонро аз се мавқеи асоси мустақилият, беғаразӣ ва бетарафӣ пайгирӣ кунем». Лекин чиро дунбола кардан лозим, пай гирифтани мустақилияти чӣ иттилооот, мақомотҳои давлатӣ, фаъолияти сомонаҳо, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ мебошад.
Ҳамчунин сардабири сомонаи «Ахбор» чанд маротиба дар сомонаи худ истилоҳи «маълумоти алтернативӣ»-ро истифода бурданд. Маълумоти алтернативӣ на ҳама вақт метавонад, ки дуруст баён карда шавад, зеро ки худи истилоҳи алтернативӣ ин интихоби мебошад, барои хонанда як ё якчанд маълумотро пешниҳод мекунанд, ҳамчунин маълумоти ба манфиати худашон равона шударо интихоб намуда барои омма пешниҳод мекунанд.
Бояд қайд намуд, ки ин иттилоотҳо оё пурра, ҳаматарафа ва объективона санҷида шудаанд? Саволе низ ба миён меояд, ки бо ин иттилоотҳои комилан нодуруст ҷомеаро ба иғво андохта дар натиҷа тағйир додан ва барҳам додани сохтори конститутсионӣ ва низоми ҳокимияти давлатӣ мебошад. Мисолҳо шуда метавонанд, ҳодисае, ки дар Ҷумҳурии Қирғизистон ба вуқўъ пайваст дар натиҷаи иттилоотҳои бардурўғ, гирдиҳамоиҳои шаҳрвандон соли 2017 шакли идоракунии давлатӣ аз ҷумҳурии президентӣ ба ҷумҳурии парламентӣ табдил дода шуд, имрўзҳо бошад аниқтараш моҳи октябри соли 2020 дар пойтахти Ҷумҳурии Қирғизистон эътирозҳо, гирдиҳамоиҳо ба вуқўъ пайвасата бинои мақомоти қонунгузорӣ (парламенти Қирғизистон) оташ зада шуд ва шаҳрвандон талаб мекарданд, ки шакли идоракунӣ баргашта ба президентӣ оварда шавад, то ки давлату ҳукумати кунуни ҳокимияти легитимиро таъсис намуда бевосита бо овоздиҳии умумихалқӣ аз ҷониби шаҳрвандон Президенти кишвар интихоб карда шавад.
Мо имрўзҳо аз оинаи нилгун ва ахборотҳо мебинем, ки дар натиҷаи таркиш дар шаҳри Кобул 12 нафар ҳалок гардиданд. Ин гуна иттилоотҳо бисёранд, маҳз носолимии мафкураи ҷомеа, фаъолияти зиддиҳуқуқии гурўҳи экстримистию террористии «Толибон» дар Афғонистон то ҳол намемоманд, ки давлат тинҷу ором бошад, шаҳрвандон озодона зиндагӣ кунанд. Аҳмадшоҳи Масъуд собиқ сарвари Афғонистон, мехост, ки халқи худро сарҷамъ намуда ба соҳибихтиёрии милливу давлатии худ таҳким бахшад, лекин мутаассифона аз ҷониби намоянндагони кишварҳои хориҷӣ кушта шуд. Ӯ сарфармондеҳ, шахси зиёӣ ва адолатпарвар буда нисбати Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон чунин гуфта буд: «Ман аз ин марди наҷиб ва қаҳрамонии ў хурсандам, зеро ки Эмомалӣ Раҳмон тавонист дар ин муддати кўтоҳ халқи худро сарҷамъ гардонд, гурезагонро ба ватан баргардонд ва ниҳоят давлатро тинҷу ором кард».
Дар хулоса мо бояд қайд намоем, ки аз соҳибихтиёрии Ҷумҳурии Тоҷикистон, таҷзияи ҳокимияти давлатӣ, мавҷудияти ҷомеаи шаҳрвандӣ ва принсипҳои демократии он қадр карда онро ҳамчун гавҳараки чашм эҳтиёт намоем.
Воситов Ҳ.А. – н.и.ҳ., сармуаллими кафедраи
назария ва таърихи давлат ва ҳуқуқи ДДҲБСТ