Донишҷӯёни ДДҲБСТ ғолибони мусобиқаҳои варзишии ҷумҳуриявӣ

 

Донишҷӯи соли аввали факултети  ҳуқуқшиносӣ Ҳасанҷон Туйчиев дар мусобиқаи ҷумҳуриявӣ аз рӯи намуди гӯштини юнониву румӣ байни ҷавонони соли таваллудашон 2000-2003 ба гирифтани ҷойи аввал шарафёб шуд. Ҳасанҷон Туйчиев дар вазни 87 кг ба ҳамаи ҳарифонаш дастболо шуда, соҳиби ғолибият дар ин мусобиқаи ҷумҳуриявӣ гардид.

Донишҷӯи ДДҲБСТ дар мусобиқаи кушоди мактаби маҳорати олии варзишии вилояти Суғд низ, ки бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор шуда буд, ба ҳамаи рақибонаш дастболо шуда, ба гирифтани мақоми аввал комёб гардида буд.

Ҳамчунин чанде пеш донишҷӯи дигари донишгоҳ  Рустамҷони Юсуф дар мусобиқаи ҷумҳуривӣ аз рӯи намуди бокс байни  ҷавонони соли таваллудашон 2002-2003 ба гирифтани ҷойи аввал ва дипломи мусобиқа дастёб шуд.

Ҷомеаи меҳнатии донишгоҳ ғолибони мусобиқаҳои ҷумҳуриявиро барои пирӯзиашон табрик намуда, барояшон бурдбориву муваффақиятҳо орзу менамояд.

Шуъбаи таҳлил ва робита бо ҷомеа

You might also like