Донишҷӯи ДДҲБСТ ғолиби озмуни вилоятии “Донишҷӯи сол-2020”
Донишҷӯи соли дуюми факултети ҳуқуқшиносии Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон Рустам Қориев дар равияи фанҳои гуманитарии озмуни вилоятии “Донишҷӯи сол-2020” сазовори ҷойи аввал гардид. Ҳамчунин донишҷӯи соли сеюми факултети ҳуқуқшиносии донишгоҳ Манижа Ҳидоятова дар равияи мазкур ба гирифтани мақоми дуюм шарафёб шуд. Донишҷӯи бахши сеюми факултети бизннес ва идоракунӣ Аслия Абдуллоева бошад дар равияи фанҳои дақиқ сазовори ҷойи дуюми озмуни вилоятии “Донишҷӯи сол-2020” дониста шуд.
Аъзои комиссия аз рӯи шартҳои худмуаррифӣ, сатҳи забондонӣ, сатҳи дониши сиёсию ҳуқуқӣ ва сатҳи донишҳои тахассусӣ ба довталабон баҳогузорӣ карданд.
Ёдовар мешавем, ки озмуни вилоятии “Донишҷӯи сол-2020” тибқи қарори раиси вилояти Суғд бо мақсади ҷалби ҷавонону донишҷӯён ба илмомӯзӣ, дар рӯҳияи ватандӯстиву хештаншиносӣ тарбия намудани онҳо роҳандозӣ шудааст. Дар озмуни мазкур донишҷӯён аз тамоми муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва миёнаи касбии вилоят дар равияҳои фанҳои гуманитариву дақиқ байни ҳам рақобат карданд.
Ҷомеаи меҳнатии донишгоҳ ғолибони озмуни вилоятии “Донишҷӯи сол-2020”-ро барои соҳиб гардидан ба ғолибият шодбош намуда, барои фаъолияти минбаъдаашон пирӯзиву бурдбориҳо орзу менамояд.
Шуъбаи таҳлил ва робита бо ҷомеа
