Баргузории дарси намунавӣ

Санаи 16-уми ноябр, дар аудиторияи №116, факултети ҳуқуқшиносӣ дарси намунавӣ (КМРО) баргузор гардид. Мудири кафедраи забони тоҷикӣ н.и.ф., дотсент Аслам Каримов дар мавзӯи “Истифодаи ҷумлаи сода дар нутқ. Ҷумлаҳои содаи яктаркиба ва дутаркиба”,ба донишҷӯёни соли аввали ихтисоси 1-24.01.02т.В ин машғулияти таълимиро доир намуд. Дар дарси намунавӣ аз ҷониби мудири БИМСТ-и донишгоҳ Раҳмонов Р., Раиси ШИМФ-и ҳуқуқшиносӣ Қобилов Б.Қ., дотсенти кафедраи забони тоҷикӣ Кенҷаев С. иштирок намуданд.
Дотсент Каримов А.А. рафти дарсро аз рӯи се самт- таълим, илм ва тарбия мувофиқи як соати академӣ дуруст ҷо баҷо гузошта, хеле пурмӯҳтаво доир намуд. Шогирдон-донишҷӯён дар суолу ҷавоб, иҷрои машқҳои гуногун хеле фаъол буданд ва бо истифода аз истилоҳоти ҳуқуқшиносӣ(тахассусӣ) ҷумлаҳои содаро дар мавзӯъҳои мухталиф ҳам навиштанд ва ҳам шифоҳӣ баён намуданд.
Дарс дар ин рӯзи саид, ки ҷомеаи мо Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистонро бо тантана истиқбол мегиранд, хеле шавқовар гузашт.

You might also like