Садоқат ба Пешвои миллат ва арҷгузорӣ ба Иҷлосияи тақдирсоз дар ДДҲБСТ

Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон  — рамзи садоқат ва вафодорӣ ба Ватан, Президент  ва миллат буда, дар сатҳи баланди ташкиливу ғоявӣ баргузор намудани он нишонаи шукргузорӣ аз озодиву соҳибихтиёрӣ ва эҳтиром гузоштан   ба   арзишҳои давлатдориву соҳибистиқлолӣ арзёбӣ мегардад.
Субҳи имрӯз саҳни бинои таълимии №2-и Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон идгоҳеро мемонд. Зеро дар Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷомеаи меҳнатии донишгоҳ сарҷамъ гардида, бо ҳисси баланди худшиносиву ифтихори миллӣ ва эҳтирому садоқат ба Ватан ва Пешвои миллат ин рӯзи воқеан таърихиро таҷлил карданд. Устодону донишҷӯёни донишгоҳ дар даст бо шиору овезаҳои ватандӯстона, парчаму аксҳои Сарвари худ ба ҳусни чорабинӣ таровати дигар зам карданд.
Ректори донишгоҳ, профессор Муъмин Шарифзода тамоми ҷомеаи мамлакатро ба Рӯзи Президент ва солгарди навбатии Иҷлосияи тақдирсоз шодбош намуд. Сарвари донишгоҳ афзуд, ки Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷашни ҳар шаҳрванди худшиносу ватандӯст ва санаи ифтихорӣ барои ҳар сокини озоду осудаи Тоҷикистони навин аст. Бузургдошти Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ҳамасола 16 ноябр дар мамлакати мо таҷлил мегардад,  ба маънои дарки аҳамияти калидӣ дар ҳифзу тараққии давлатдории миллии мо ва ҳамчунин ҷашни қадрдонию сипос ба тамоми он арзишҳои баланди давлати миллӣ ва шаҳрвандие мебошад, ки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун кафили конститутсионии онҳо фаъолият мекунад.
Ҳар як сухани Пешвои миллат аз самими қалб аст ва аз онҳо садоқат ба Ватан, мардум ва ояндаи мамлакат баръало ҳувайдо мегардад, ки аз Паёму маърўзаҳояшон содиқона дўст доштани Ватан, давлат ва мардум эҳсос карда мешавад, илова намуд роҳбари донишгоҳ.
Ҳамчунин, дар чорабинӣ ба ғолибони озмунҳои гуногун, ки бахшида ба Рӯзи Президент ва солгарди Иҷлосияи сарнавиштсоз роҳандозӣ гардида буд, Ифтихорномаву маблағҳои пулии раёсати донишгоҳ тақдим карда шуд.
Чорабинии тантанавӣ бо шеъру сурудхонии иштирокчиён дар васфи Ватану миллат, дӯстдории сарзамин ва садоқат ба Президент ба интиҳо расид. Чорабиниҳо ба истиқболи Рӯзи Президенет ва солгарди Иҷлосияи таърихии ХVI-уми Шӯрои олӣ дар ДДҲБСТ идома дорад.

Шуъбаи таҳлил ва робита бо ҷомеа

You might also like