Нақши Пешвои миллат дар пойдории сулҳу оромӣ дар Тоҷикистон

Ҳамасола рӯзи 16-уми ноябр мувофиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рӯзҳои ид» ҳамчун Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷашн гирифта мешавад. Ба ин муносибат дар кафедраву факултетҳои Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон силсилачорабиниҳои илмиву тарбиявӣ ба нақша гирифта шуда дар ҳоли баргузорист.

Дар факултети ҳуқуқшиносии донишгоҳ чорабинии тарбиявӣ таҳти унвони “Саҳми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар тарбияи ҷавонон” баргузор гардид. Зимни баргузории чорабинӣ донишҷӯёни фаъол перомуни кору фаъолияти мондагори Сарвари давлат дар мавзӯҳои “Нақши асарҳои Пешвои миллат дар тарбияи ҷавонон”,”Саҳми Эмомалӣ Раҳмон дар инкишофи қонунгузории миллӣ”, “Муаррифии асарҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон” ва “Пешвои миллат ифтихори ҷавонон” маърӯза карданд.

Дар ин рӯз ҳамчунин дар кафедраи ҳуқуқи гражданӣ ва меҳнатӣ чорабинии тарбиявӣ доир гардид. Чорабинӣ бо намоиши кору пайкори Пешвои миллат тавассути навор оғоз шуд. “Эмомалӣ Раҳмон-Пешвои миллат”, “Нақши Пешвои миллат дар пойдории сулҳу оромӣ дар Тоҷикистон” маърӯзаҳо ироа гардида, инчунин донишҷӯён дар бораи Президенти мамлакат шеъру сурудхонӣ карданд.

Дар китобхонаи илмии донишгоҳ бошад байни донишҷӯён озмун бо номи “Донандаи асарҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон” гузаронида шуд. Дар озмун маҳорати донишҷӯён зимни навиштани эссе ва таҳлили мухтасари асарҳои Сарвари давлат баҳогузорӣ карда шуд.

Баргузории чунин озмуну чорабиниҳо бо мақсади эҳтирому гиромидошти заҳматҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва пайравӣ ба кору пайкори мондагорашон мебошад. Дар дигар кафедраву факултетҳои донишгоҳ низ баргузории конфронсу мизҳои мудаввар ва чорабиниҳои тарбиявиву илмӣ бахшида ба Рӯзи Президент ва солгарди Иҷлосияи тақдирсоз дар назар аст.

Шуъбаи таҳлил ва робита бо ҷомеа

 

You might also like