Беҳудандешии душманони миллат
Ростӣ ба ҳамаи мо маълум ва равшан аст, ки бунёд намудани ТЭТ ҲНИ ин худ яке аз тафриқаҳои хоинон ва душманони миллати тоҷик буд ва боиси садҳо афсўс аст, ки имрўзҳо чанд тан аз намояндагони он ба андохтани иғво миёни мардуми мусулмон овора ҳастанд, ки ин нишона аз бемағзии онҳо аст.
Таърих исботи зинда аст, ки тамоми руҳониёни машҳури тоҷик ҳизби ифротии наҳзатро кабул надоштанд, намепазируфтанд ва онро дастгоҳу манбаи идеологияи хиёнаткоронаи ваҳҳобиён шинохтаанд.
Аз кирдор, рафтор ва гуфтори онҳо бамеояд, ки онҳо ақли солимро соҳиб нестанд ва танҳо даст ба иғвову нобакорӣ мезананд. Ростӣ чанде қабл як маводе ба чашм афтод, ки маро ба ҳайрат гузошт. Нафақахур ва ветерани меҳнат бо номи Исломиддин Садиров аз даврон ва сиёсати имрўзаи Тоҷикистони соҳибистиқлол шикоят кардааст, ки касро ба ҳайрат мегузорад.
Аввал андешаи мо ин аст, ки маводи мазкур аз ҷониби боз ягон бесаводи тайёрхўр навишта шуда, аз матни он пай бурдан мумкин аст, ки нависандаи он аз ҳайронӣ намедонад чӣ нависад. Якбор аз даврони Иттифоқи Шӯравӣ ва якбор аз Тоҷикистону роҳбарияти он нолиш дорад. Лаънат ба ҷониби ин гуна «нафақахур», ки худро «ветерани меҳнат» метарошад. Ба андешаи мо, аслан нафақахурони тоҷик ҳаргиз ба ин кор даст намезананд, чунки ин чиз барои онҳо маъние надорад ва то он дараҷҷае, ки мо мўйсафедон ва калонсолони тоҷикро медонем ҳаргиз аз ҳаёти худ ношукрӣ намекунанд ва нахоҳанд кард. Баръакс ҳамаи онҳо дўогўи пешрафти мамлакати азизамон ва сиёсати хирадмандонаи Пешвои миллати ободамон ҳастанд.
Мо мардуми тоҷик медонем, ки дар таърихи навини халқи тоҷик Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз шахсиятҳое ҳастанд, ки на танҳо дар ташаккулу таҳаввули таърихи давлатдории соҳибистиқлоли тоҷик ва ҳастии имрӯзу фардои Тоҷикистон, балки барои эҳё намудани падидаҳои неку писандида ва арзишҳои волои фарҳангии ниёгонамон хизматҳои барҷаста кардаанд. Ин аст, ки барои хизматҳои бузургу беназир Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон, “Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ ва Пешвои миллат” эътироф шудаанд.
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон чун шахсияти барҷаста вақте ба майдони сиёсат ворид шуданд, ки миллати тоҷик парешон ва кишвар дар вартаи ҳалокат қарор дошт. Бале сабабгори ин парешонӣ ва ҷанги шаҳрвандӣ, ҳамон наҳзатиёне буданд, ки ба ҷуз кинаву адоват ва манфиатпарастӣ дигар ҳеҷ ҷиз намехостанд.
Чӣ қадар мушкилу хатарнок буданд ҳамон солҳо. Тоҷикистон бо ҷанги шаҳрвандӣ рӯ ба рӯ шуда, аз империяи бузурги собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ мероси ночизе гирифт, хисороти ҷанг беш аз сад миллион долларро ташкил дод, ҳазорҳо одамон ҷонҳои ширини хешро аз даст дода, иқтисоди мамлакат рӯ ба таназзул ниҳода буд. Бо вуҷуди ин қадар нотинҷию нооромиҳо бо тадбирҳои хирадмандона ва матонату ҷасорати фавқулода кишвари азизамонро аз вартаи фалокат ва ҳалокат берун оварда, мардуми парешонро сарҷамъ намуда ва садҳо ҳазор ғурбатзадагонро ба ватан баргардониданд. Маҳз бо иродаи Сардори давлат дар як муддатӣ кӯтоҳ харобаҳо ба ободӣ табдил ёфта, иншооти азим ба вуҷуд омадаанд, барои ба ҳам пайвастани тамоми гӯшаву канори мамлакат шоҳроҳҳо кушод, барои робита бо кишварҳои хориҷӣ роҳҳои бузурги мошингард сохта шуданд.
Имрўз бошад, чанде аз нохалафон худро ветерани меҳнат метарошанд ва ба номи нафақахўрон нангу номус оварда, бемантиқ гаппу ҳарф мезананд. Маънои тамоми гуфтаҳои ин нафақахўр бемағз ва бемантиқ аст, чунки аз мазмунаш бармеояд. Моҳияти ин гуфтаҳо тааҷубовар аст ва ба чунин хулоса омадан мумкин аст, ки гўё касе ин нафақахўрро маҷбур кардааст то қалам ба даст гирад ё «аз бекорӣ ба кадукорӣ» машғул шавад.
Халқи меҳнаткаши тоҷик бо ақлу заковати тоза Пешвои миллатро дубора интихоб намуд. Ин интихоби арзанда ва беҳтарин. Тамоми ҷаҳон аз осудагии баргузории интихобот ҳарф зан ва аҳсантхонд. Шумобаринҳо мехоҳед, ки интихоботи Украина, Молдова ва Қирғизистон боз ба сари мо ояд? Ҳаргиз!
Саволе бе миён меояд, ки шумобаринҳо, ки то имрўз натавонистед ба сиёсати хирадмандонаи ин марди нексиришт тоқат намоед, ба мо бигўед, ки магар миллати тоҷик мехоҳад ба иғвои шумо бовар намуда боз ба солҳои ҷангӣ баргардад. Ҳаргиз ва инро дар хобатон ҳам орзў накунед. Умед аз он дорем, ки дар қатори мардуми ҷаҳон аз вартаи бемории нобаҳангоми имрўза низ низ рўзе халосӣ меёбем ва Тоҷикистонамонро боз аз ин ҳам зеботару ободтар менамоем. Шумобаринҳо бошед, чун дар даст қалами бенўгдошта дар сарсониву ҳайронӣ мемонед. Ин орзўи мо нест, ин ҳақиқати ҳол аст.
Ҷаҳон медонад, ки муҳимтарин комёбиву дастовардҳои кишвари азизи мо Ҷумҳурии Тоҷикистон аз натиҷаи меҳнатҳои шабонарӯзӣ ва иқдомҳои фидокоронаву қаҳрамононаи Эмомалӣ Раҳмон мебошад, ки имрӯз Ҷумҳурии Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ ҳамчун давлати соҳибистиқлол, демократӣ ва дунявӣ мавқеи хосеро сазовор гашт.
Бузургтарин дастоварди Эмомалӣ Раҳмон пеш аз ҳама барқарор кардани сулҳи комил ва ваҳдати миллӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад. Тавассути таъмини сулҳ ва ваҳдати миллӣ ҳамчунин барои гузаштан ба барқарорсозии иқтисодиёт оғози корҳои созандагию бунёдкорӣ заминаи хеле боэтимод гузошт.
Эмомалӣ Раҳмон тавассути сиёсати сулҳофару созанда ва дарҳои кушод таваҷҷуҳи ҷомеаи ҷаҳониро ба Тоҷикистон ҷалб сохт. Эълони Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳайси кишвари демократӣ, дунявӣ ва ягона имкон дод, ки мардумаш осудаву хушҳол умр ба сар баранд.
Имрўзҳо, халқи тоҷик медонад, ки дар баробари муваффақиятҳои бадастомада мушкилоти мавҷуда низ сол то сол аз байн рафта, сокинони Тоҷикистон дар атрофи президенти интихобкардаи хеш боз ҳам муттаҳидтар гашта, барои шукуфоии Тоҷикистони соҳибистиқлол фидокоронаю аз сидқи дил заҳмат мекашанд. Президенти кишвари маҳбубамон ҳангоми савгандёдкунӣ бори дигар иброз доштанд, ки барои шукуфоию сарсабзии Ватани соҳибистиқлоламон ҷоннисорӣ хоҳанд кард. Бале, он кас яке аз фарзандони сарсупурда, шуҷоу далер ва Қаҳрамони Тоҷикистон ҳастанд. Миллати мо барҳақ бо Эмомалӣ Раҳмон ифтихор мекунад. Шояд шоири зеби мо набошад, лекин чунин мисраро мо ба васфи Пешвои миллат имрўз офаридем:
Шукри тоҷу шукри тахту шукри ободкориат,
Кард моро пурғановат сатҳи давлатдориат.
То ҷаҳон бошад ки хоҳӣ пешрафти тоҷикон,
Тоҷикам, фахрат кунам аз савлату давлатмандиат.
Санавваров Ғ.Б. – н.и.ҳ., дотсент,
мудири кафедраи ҳуқуқи
гражданӣ ва меҳнати ДДҲБСТ