Эътирофи ғолибият – нишони ҷавонмардист!
Хизматҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар барқарорсозии сулҳ, таъмини суботу оромӣ, беҳтар гардидани вазъи иҷтимоии мардум ва боло рафтани обрӯву эътибори Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ беназир аст. Аммо, боз ҳам пас аз он, ки Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун номзад аз ҲХДТ бо гирифтани 90,92 фисади раъйи мардум дар интихоботи Президентӣ ғолиб омаданд, бадгӯӣ ва сангпартоии гурӯҳҳои мухолифин, махсусан намояндагони ТЭТ ҲНИ идома дорад. Онҳо бо охирин навиштаҳояшон бобати мавзӯи истеъфои роҳбарони сиёсӣ ва ба эътироз даъват намудани мардум бори дигар собит намуданд, ки то ҳол шинохти воқеъбинона нисбати Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон надоранд.
Якум, бо ин авҷи муҳаббату самимияте ки аксарияти мардум нисбати хизматҳои Пешвои миллат дар самти суботу оромӣ ва пешрафти Тоҷикистон доранд, ба ҳеҷ ваҷҳ эътироз нахоҳад кард.
Дуввум, гӯё ки дар ҳолати эътирози мардум Президент аз кишвар фирор менамояд, ягон мантиқ надорад. Чун Президенти мо аз тоифаи он сарвароне мебошанд, ки ҷасорату далерӣ ҳамқадами кору пайкори ӯст. Пешвои миллат замоне ба сари қудрат омаданд (онро ҳатто дидаву дониста), ки кишвар дар ҳоли оташи ҷанг қарор дошт. Аз рӯзҳои нахустин ба қавли худ устувор боқӣ монда, кишварро аз оташи ҷанг берун намуданд. Барои расидан ба ин аввалин ваъдаи хеш бе ҳеҷ тарсу ҳарос ба кишвари Афғонистон, ки дар шароити ҷангу нооромӣ қарор дошт, барои мулоқот ва созиш намудан бо гурӯҳи оппозитсионӣ сафар намуданд.
Аз ҷониби дигар муқоиса кардани вазъияти давлатҳои дигар чун Белорусия ва Қирғизистон бо Тоҷикистон аз чанд ҷиҳат қобили қабул нест. Мардуми тоҷик дар муқоиса бо мардуми ҳамсоя як маротиба вазъи нооромии сиёсии дохилиро паси сар намуд ва медонад, ки ҷанги дохилӣ чи қадар барои кишвар зарари бузург пеш меорад. Баъдан, Тоҷикистон нисбат ба чанд соли пеш аз рӯи чандин нишондиҳандаҳо пеш рафт ва ҳадафҳои стратегии давлат зина ба зина амалӣ гардида истодааст. Хизматҳои Пешвои миллат дар самти рушди сиёсати дохилӣ ва хориҷии давлат беназир аст. Имрӯз Тоҷикистонро дар арсаи байналмилалӣ ҳамчун кишвари ташаббускор мешиносанд. Роҳбари давлат дар охирин суханронии хеш дар маросими савгандёдкунии ҷиҳати рушди ҳафт соли ояндаи кишвар нақши мукаммал пешниҳод намуданд, ки амалӣ гардидани он ба пешрафти даҳсолаҳои минбаъадаи Тоҷикистон замина мегардад.
Президент Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо самимяту садоқати беандоза аз хизмати мардуми кишвар дар самти пуштибонии сиёсати Роҳбари давлат ёдвор гардида, инро кори арзишманд ва яке аз омилҳои асосии пешрафти ҷумҳурӣ маънидод намуданд. Чунин рафтори Пешвои миллат ҳамчун аломати эҳтироми хоса нисбати мардум ва арҷгузории заҳматҳои сокинон мебошад. Умедворем, ки дар оянда низ мардум аз солҳои қаблӣ ҳам бештар ҷиҳати ободии Тоҷикистон кӯшишу талош менамоянд ва дар ягон ҳолат ба гуфтаҳои беасосу бемантиқӣ душманон бовар нахоҳанд кард. Роҳбари давлат борҳо ҳангоми баромадҳои хеш таъкид намудаанд, ки ободиву пешрафти Тоҷикистон танҳо аз мардуми мамлакат вобаста мебошад. Ягон хориҷӣ дар ғами пешрафту ободии кишвари мо нест. Ҳар як нооромиву мушкилоти сиёсии дохилӣ на танҳо сабаби ислоҳот балки боиси бадтар шудани авзои сиёсӣ ва омили зери таъсиру вобастагии қударту созмонҳои хориҷӣ қарор ёфтани давлатамон мегардад. Инро таҷрибаҳо борҳо исбот намудааст ва чанд даҳсолаи охири вазъияти баъзе аз кишварҳои мусулмонӣ далели ҳамин гуфтаҳост.
Ҳоло кишвари мо дар марҳилаи таҳкими пояҳои соҳибистиқлолии давлатӣ ва тадбиқи ҳадафҳои стратегии кишвар қарор дорад. Ноил шудан ба натиҷаву комёбии бештар муттаҳидӣ, ислоҳи камбудиҳои мавҷуда ва заҳмату меҳнати ҳар як сокинони ҷумҳуриро тақозо менамояд. Бо боварии комил гуфтан мумкин аст, ки дар ҳолати иттиҳоду ягонагӣ, сарҷамъӣ ва идомаи корҳои созандагиву ободкорӣ мардум дар оянда ба нишондиҳандаҳои аз имрӯза баландтар ноил хоҳанд гардид.
Саидзода Ш. – н.и.с., дотсент, мудири
кафедраи сиёсатшиносии ДДҲБСТ