Тангназарӣ то ба кай?
Ҷавоб ба мақолаи иғвоангези “Фарҳанги истеъфо ё бо хун омадагон танҳо бо хун мераванд?
Барои мардуми мо, ки лаҳзаҳои душвортаринро дар ҷанги шаҳрвандӣ паси сар кардааст, масъалаи сулҳу амният волотар аз ҳама мақом дорад. Он чи мардуми Ҷумҳурии Қирғизистон нисбат президентҳояш (солҳои охир) раво мебинад, салоҳияти халқи онҳост ва ин гуна назар ба сарвари давлат барои мо бегона аст, зеро маърифати мо – мардуми куҳанбунёд аз ҳар ҷиҳат тафриқа дорад.
Президенти давлати мо аз аввалин қадамҳояшон барои пирӯзии мардуми мо кӯшидаанд ва маҳбубияти вижа дар қалби мардум пайдо кардаанд. Ин аст, ки халқи ояндабин, маротибаи чанд аст, ҳамин фарзанди барӯмандро сарвари давлат интихоб менамояд.
Мо ба касе ҳуқуқи маънавии (ҳатто ба забон овардани) истеъфои раиси ҷумҳуриямонро намедиҳем, зеро ҳамин гуна нуктаҳо мансуби нафаронест, ки кайҳо зархариди хориҷа шудаанд ва ё худ барномаи ниҳоние дар қалби торик нуҳуфтаанд. Дар масъалаи фаъолияти раисони шаҳру ноҳияҳоямон ҳоҷати гап ҳам нест, чунки ҳар як кору пайкорашон дар пайравии иқдоми неки Пешвои миллатмон аст.
Ин аст, ки ибораи “фарҳанги истеъфо”, ки дар мақолаатон борҳо зикр шудааст, бароямон бегона аст, зеро мансабҳо дар ҷумҳурии ҳеҷ гоҳ фурӯшӣ набудаанд ва бо тавсияи коршиносон аз ҷониби Сарвари давлатамон интихоб мегарданд.
Мухолифони Белорус ва ба истеъфо нарафтани Лукашенкоро ёдовар шудан чӣ мазун дорад, вақте Лукашенко дар табрикоти Президенти навинтихобшудаамон иқрор шуд, ки бе ягон мухолифат беш аз 90% овозро сазовор шудан нишонаи ба муҳаббати мардум сазовор шуданро дорад.
Ин ҷумлаи беандешонаи “Ба ин ки рӯзе пои эътирозот ба Тоҷикистон ҳам мерасад ва мардум ба кӯчаҳо хоҳад рехт” ин нияти бисёр бад аст!
Дар масъалаи “бо хун омадем, бо хун меравем” маънии дигар дорад, ки барои шумо барин ҳафтафаҳмон мегӯям: мо бо хун миллатамон ва давлатамонро аз душманони дохилию хориҷӣ раҳо кардем ва мавридаш ояд барои амалӣ нагаштани орзую мақсадҳои нопоки ифротгарон то ҷон дар рамақ дорем меҷангем!
Дар масъалаи танг намудани фаъолияти ТЭТ ҲНИ бояд зикр кард, ки агар аъмоли эшон ба манфиати мардум мебуду дар ҷумҳурӣ сафи аъзоёни ҳизбу ҳаракатҳои гуногуни ифротгарои масоҷидӣ зиёд намушуд, касе ба шумо кор надошт.
Бар зидди тазоҳуротчиёни Хоруғ ҳам агар дар вақташ ҷавоби муносиб амалӣ намешуд, ба оқибатҳои фоҷиабор оварда мерасонид.
Дар ҳама давру замон, дар он ҷое, ки давлат ҳаст сиёсат ҳам бояд ҷой бигирад, зеро чуноне Абӯнасри Форобӣ гуфтааст: Мулк бе сиёсат намешавад”. Дар он ҷое, ки сиёсат нест, механизми идораи давлат душвор мешавад, зеро шумо баринҳо аз маврид истифода бурда, қишри ҷавони бетаҷрибаро дарҳол гумроҳ намуда, боз ҳам сабабгори кулфати зиёде бар сари мардум мегардед. Чуноне аз дасти шумо, аз фиреби шумо баринҳо ҳазорон ҷавонони бегуноҳ талаф ёфтанд.
Муҳиддин Кабирӣ “фирор кардани Эмомалӣ Раҳмон”-ро дигар бар забон наорад ҳам мешавад, зеро ҳар як қадами нопокаш барои мардум ифшо шудаасту ҳамагон безори дидани рӯи нопок ҳастанд.
Дигар ин ки бас аст, монанди “бархе аз занҳои асабӣ (невроз)” сергапиву суханҳои бемантиқ!
Каримов А.А. – н.и.ф., дотсент, мудири
кафедраи забони тоҷикии ДДҲБСТ