“Хиёнат” филми ҳақиқат
Дар ҷаҳони мутамаддин мунтазам ҳодисаву воқеаҳое рўй дода истодаанд, ки боиси сарафкандагии мусалмонон ва кам нишон додани дини мубини ислом дар назди ҷомеаи башарӣ мебошад. Ҳамзамон ҳар коре, ки ҷиҳати паст намудани сатҳи маънавиёти ҷомеа ва барҳам задани суботу ороми анҷом дода мешавад, аз тариқи сўистифода аз бовариҳои динии мардум роҳандозӣ мегардад. Чунин ҳолат аслан кори дасти гурўҳҳоест, ки динро воситаи расидан ба сиёсат, василаи тафриқаангезии миёни мардум ва яроқи асоси бар зидди худи мусалмонҳо кардаанд. Яке аз чунин гурўҳҳое, ки даҳсолаҳо фазои идеологии Ҷумҳурии Тоҷикистонро олуда сохта, кўшиш дорад ваҳдати комилро аз миёни мардум бардорад, ТЭТ ҲНИ мебошад.
Яке аз омилҳои густариш ёфтани ифротгароӣ ва терроризм ин аз ҷониби ТЭТ ҲНИ васеъ истифода гардидани технологияҳои муосири иттилоотӣ, бахусус, шабакаи интернет бо мақсади пешбурди ташвиқоти экстремистӣ, ба сафҳои худ ҷалб намудани аъзои нав, омода ва роҳбарӣ намудан ба амалҳои харобкоронаи онҳо маҳсуб меёфту меёбад.
Имрўз ТЭТ ҲНИ кўшиш мекунад худро як тарафи сулҳ нишон диҳад ва ба ин васила воқеияти таърихиро ба манфиати худ таҳрир созад. Аммо хушбахтона хотираи таърихии миллати тоҷик қави аст. Ҳама медонанд, ки як ҷониби сулҳ ИНОТ буд на ТЭТ ҲНИ ва чунин берўгии сиёсие, ки аз ҷониби ТЭТ ҲНИ сурат мегирад воқеан шармовар аст. Роҳбарият ва аъзоёни фаъоли ин ҳизб қаҳрамони филмҳои ғайриахлоқӣ ва намунаи амалҳои ғайриинсонӣ гаштаанд, вале эшон шарм надошта ҳамвора худро дохии ақидаҳои исломиӣ муаррифӣ мекунанд.
Имрўз ТЭТ ҲНИ ба як бозичаи дасти дигарон дар саҳнаи сиёсии Ҷумҳурии Тоҷикистон табдил ёфта, аз ватандўстиву миллатпарастии он танҳо суханҳои хушку холи боқи мондаанд. ТЭТ ҲНИ бо муроҷиат намуданаш бо созмонҳои хориҷӣ ва дар симои онҳо ҷустани такягоҳи сиёсӣ бори дигар хиёнат кардани худро ба арзишхои олии ватандорӣ на танҳо барои мо, балки барои тамоми оламиён собит сохт. Ин аст, ки бо дарки амалҳои хоинонаи ин ҳизб имрўз ҷавонмардони ватандўсти точик даста-даста сафи ин ҳизби тафриқаангезро тарк карда истодаанд. Сафи ҳизбе, ки дар тўли таърихи фаъолияташ ягон кори неке ба мардум накард. Баръакс, хуни ҳазорон чавони точик дар гарданаш буда, замони ҷанги шаҳрвандӣ дасти хориҷиёнро барои анҷом додани тоҷиккушии саросари дар минтақаҳои алоҳидаи Ҷумҳурии Тоҷикистони тозаистиқлол боз карда буд. ТЭТ ҲНИ бо чунин феҳристи «корнамоиҳо» ба ҷойи он ки дили мардумро ба даст орад, аз бовариҳои динии халқ суистифода мекунад, ки ин аз зумраи хиёнатҳои имонист. Эшон мехоҳанд таърихи талхи гузаштаи миллати тоҷикро такрор кунанд, таърихе, ки чунин миллатфурўшон дарвозаро ба рўи душманон кушоданд ва бо ҳамин миллати тоҷик ҳазор сол дар зиллату ҷанг буд.
Аммо ТЭТ ҲНИ донад, ки миллати тоҷик аз он таҷрибаҳои талх ибрат гирифтааст ва миллати точикро фирефта сохта дигарбора ғулом кардан мумкин нест. Чунки ин миллат дигар ғулом будан намехоҳад. Ин миллат ҳамакнун мехоҳад ба асолати миллии худ баргардад ва шукўҳи давлатдории ниёгонро барқарор созад. Асри ХХI ба рўи миллати точик саҳифаи нави таърихиро боз кард, ки шахсиятҳои ватандўст онро бо садоқати худ шукўҳманд хоҳанд кард. Агар ТЭТ ҲНИ ғуломии ин миллатро мехоҳад, пас барои ў дигар дар ин сарзамин ҷой нест.
Тоҷибоева М.Н. – ассистенти кафедраи
баҳисобгирии бухгалтери ДДҲБСТ