Як дурӯғи шохдори Муҳаммадиқболи Садриддин  

Дини мубини ислом динест, ки инсон ва ҷомеаро танҳо ба росткорӣ, ростгӯӣ  ҳидоят мекунад. Ҳикмату ҳадисҳои бисёре аз китоби муқаддаси Қуръон ва ё аз паёмбари мо хушбахтона то замони мо омада расидаанд, ки беш аз ҳама барои аз каҷафторӣ дасткашидани махсусан насли ҷавон ҳидоят мекунад. Нобояд фаромӯш сохт, ки ҳар як рафтори инсон аз тарафи ҷомеа назорат мегардад. Ва ба ҳар кадоми рафтори мо агар хилофи қонун бошад муҷозот ба монанди ҷазо таин мегардад ва агар шоистаи рафтор бошад муҷозот ба монанди ҳавасмандгардонӣ таин мегардад. Ин гуфтаҳо моро водор месозад, ки пеш аз сухан ё рафторе ақли худро комилан ба даст гирем ва берун аз ақл барои рафтори хилофи қонуне накунем.

Хушахлоқӣ нишони имони комили шахс аст. Ба шахси бо имону поквиҷдон ҳеҷ гоҳ ба рафтори ношоиста даст нахоҳад зад. Ба ин гуфтаҳо рӯ меоварем ба рафтори хилофи қонуни масъули сомонаи Ислоҳ.нет яке аз муридони Кабирӣ, ки бо номи Муҳаммадиқболи Садриддин мақолаҳои ифротӣ навиштааст ва бо кирдори қаллобонаи худ, 430 000 доллари ИМА-ро тасарруф карда, ба шаҳрвандон зарари махсусан калони иқтисодӣ расонидааст.

Ҳеҷ гоҳ набояд фаромӯш сохт, ки дар дили мо хуни гузаштагони мо ҷӯш мезанад ва идомаи мо низ. Барои ривоҷ додани ақли солими ҷомеа мо бояд зидди чунин рафтори нопок ҷазо таин намоем, ки қонун онро дастгирӣ намояд.

Бо як баромади пучу холии худ ӯ мехост ба боварии халқ ворид гардад. Аммо нопокӣ беимонӣ ба ӯ нахоҳад чунин имкониятро фурсат диҳад. Тасарруф кардани молу амволи касе ва аз ҳисоби он зиндагии худро ривоҷ додан ба шарафи инсонгароӣ мусоид нест.

Чи хеле, ки баррасӣ ва санҷиши аризаҳо нишон додааст, ки Муҳаммадиқболи Садриддин гӯё соли 2010 дар шаҳри Дубайи Амороти Муттаҳидаи Араб, дар ҳузури шоҳидон шаҳрвандони Ҷумхурии Тоҷикистон Давронов М., Эркинов X. ва шаҳрванди Ҷумҳурии Қирғизистон Шерматов Ч. бо роҳи қаллобӣ, даромадан ба боварӣ, бо овардани ривоятҳо аз Қуръон ва ҳадисҳо аз пайғамбарони дини ислом, аз шаҳрвандони ҶТ Кабутов Н.Б. 130 000 доллари ИМА, аз Холов С.И. 120 000 доллари ИМА ва аз Қаюмов Н.Ш. 180 000 доллари ИМА (ҷамъан 430 ҳазор доллари ИМА) гирифтаву ваъда дода, ки дар баробари маблағи аз онҳо гирифтааш, ҳармоҳа аз 10 то 12% фоида хоҳад дод.  Барои ба даст овардани боварӣ, Садуридинов М.Қ. ду моҳи аввал аз маблағи додаашон 5-6 % маблағи пулиро ҳамчун даромади бадастомада бармегардонад ва баъди сипарӣ шудани ду моҳ, ба Кабутов Н.Б., Холов С.И. ва Қаюмов Н.Ш. дар бораи муфлис шудани тиҷорати худ хабари бардурӯғ дода, ҳар гуна баҳонаҳоро пеш оварда, моҳи ноябри соли 2010 аз шаҳри Дубайи АМА ба шаҳри Бишкек ва аз он ҷо ба макони қарордошти имрӯзааш Аврупо фирор кардааст. Вақте, ки аз ҳадису ҳикматҳои паёмбари барои мо муқаддас агар инсони комилу ақли солим дошта мебуд барои гапҳову ваъдаҳои бардурӯғи худ бузургтарин дини хешро ва паёмбари онро ҳеҷ гоҳ зери таҳқир намегузошт. Шарарфи мардонагӣ, поквиҷодонӣ эътиқоди динӣ надоштани ӯ водор месозад моро, ки ӯро ҳайф бихонем.

Муҳаммадиқболи Садриддин бо номусу ори худ танҳо ба он қодир аст, ки мисли худ авбошону номардону нотавонбинонро гирди худ сарҷамъ намояд. Ҳайф бод ба ту. Бидон, ки ваъдахилофи аз рӯи мардонагӣ нест. Тасарруф кардан ва берун аз Ватани хеш халқу миллати худро ғайбат кардан аз рӯи одамигарӣ нест. Пас чӣ гуна ба ту боварӣ ҳосил намуд.

Пӯлотова М.А.сармуаллимаи

кафедраи фанҳои ҷамъияти ДДҲБСТ

You might also like