Парда аз гапи озодӣ Радиои “Озодӣ” бардошта шуд!

Ҷавоб  ба мақолаи таҳлилгари сиёсӣ Анвар Мунавваршоев, таҳти унвони «Баҳси миёни мухолифин».

Аз назари мо баҳси сиёсии онлайнии ду мухолиф, яъне Додоҷони Атовулло ва Муҳиддин Кабирӣ тариқи Радиои «Озодӣ»  илмӣ набуда, аз рӯи нуқтаҳои асосӣ ва аз ҷиҳати мазмун дадел надорад, бемазмун,  натиҷа надорад ва  ягон фоидае ба миллату халқ оварда наметавонад. Бояд қайд намуд, ки  баҳси онлайнӣ байни  Кабирӣ ва Додоҷон, ҳарду  берун аз ҳудуди Тоҷикистон  фаъолият  бурда натавониста истодаанд.  Албатта ҳарду ҳам дар ҳаёти сиёсии кишвари мо, Тоҷикистони демократӣ, соҳибистиқлол  метавон гуфт, ки чун як падидаи мусбӣ арзёбӣ меёбанд.

Ин баҳси рӯ ба рӯ ва кушод боз ин ду чеҳраи дар расонаҳо маъруфи оппозитсионии тоҷикро ба мардум хубтар шиносонид.  Халқи тоҷик бори дигар ин ду даъвогарони лидерӣ- Додоҷони Атовулло ва Муҳиддин Кабирӣ, ки дар хориҷа (дар Аврупо) фаъолият бурда, нисбати якдигар риёкор, дурӯя, мунофиқ, нокас, нобакор мебошанд, дарк менамоянд ва фаросати онҳоро бо тарозуи ақл  гузоранд ва хулосаи лозимӣ бароранд.  Гарчанде ки ин баҳси онлайнӣ байни  Муҳиддин Кабирӣ ва Додоҷон Атовуллоев  баҳси бемазмун буд, вале  чи хелеки дар мақола  қайд шудааст «ин баҳс гиреҳи мухолифати миёни ду оппозитсионери тоҷикро то андозае кушод ва пардаро аз рӯи низоъи чандинсолаи онҳо  бардошта тавонист. Дар ҳақиқат, акнун бе дудилагӣ ба кадоме аз инҳо пайравӣ намояд, ки ихтиёраш аст».

Дар мақола зикр шудааст, ки таи чанд соли охир Додоҷон Атовуллоев, ин мунаққиди сарсахттарини Раҳмон дигар аз танқиди ҳукумат  лаб бастааст, ки сабабашро касе намедонад. Ба фикри мо аз танқиди ҳукумат  лаб  бастани Додоҷон Атовуллоев дар он мебошад, дар охири охирон ӯ фаҳмид, ки  Тоҷикистони азизи мо ба муваффакиятҳои назарраси сиёсӣ, иктисодӣ, иҷтимоӣ, илмӣ ва фарҳангӣ ноил гардида, дар ҷаҳони муосир ҷойгоҳи худро пайдо кардааст. Пояҳои истиқлолияти давлатии мо сол ба сол мустаҳкамтар мегарданд. Додоҷон Атовуллоев дарк намуд, ки  истикрори сулҳу субот ва ваҳдати миллӣ дастоварди бузург ва таърихии мардуми Тоҷикистон мебошад, ки дар натиҷаи ҷамъбастагии мардуми кишвар ва фарзандони содиқи халқи тоҷик  бо мададу кӯмаки  дастгирии давлатҳои ба мо дўст, хусусан, фарзанди фарзонаи миллат, Асосогузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон,  муяссар гардид. Мардум нақши ин шахсияти таърихиро дар сарнавишти миллату давлат хуб медонанд ва обрӯву эътибори абардмардӣ бузург, сиёсатмадори барҷастаи сатҳи ҷаҳонӣ,  ки аз ҷониби  сиёсатмадорони ҷаҳон пазируфта шудааст.

Додоҷон Атовуллоев  ба таърихи ҳаёти мардум ва вазъияти ҳамкориҳои амниятӣ, сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ, тиҷоратӣ, энергетикӣ, фарҳангӣ, илмӣ назар андохта, фаҳмид, ки  муқобили чунин шахси  бузург,  Асосогузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки пазитсияи худро дар арсаи ҷаҳон мустаҳкам гузоштааст ва бо роҳи рост Тоҷикистонро гул гул шукуфонид ва дорои маҳбубияти хоса миёни мардуми мамлакат мебошад, сазовори танқид набояд бошад ва ӯ- Додоҷон Атовуллоев  бегуфтугӯ дар як сангар бо Эмомалӣ Раҳмон қарор мегирад.

Дар мақола омадааст, ки аз ҷониби ҳукумат яку якбора авф намудани Атовуллоев — ҳамчунин рақиби Раҳмон, ҳоло ҳам барои мардум суолбарангез боқӣ мемонад. Дар ин ҷо бори дигар бахшанда, беғараз будани Эмомалӣ Раҳмон нисбат ба танқидгарон, иштибоҳкардагон мебошад ва албатта хиёнаткорон ба монанди Муҳиддин Кабирӣ  ва гурӯҳҳо ӯ – кабириҳоро намебахшад.

Мо, устодон чунин  баҳсҳои сиёсии онлайнии  мухолифон, душманон, хиёнаткорон, риёкорон, каззобонро маҳкум менамоем ва шогирдонро ба руҳи ватандӯстиву ватанпарасти  тарбия менамоем ва имрӯз халқи тоҷик, хусусан ҷавонон дӯсту душмани худро баръало медонад ва мешиносад ва Тоҷикистони соҳибистиқлолу гул-гул  шукуфонро  ҳамчун гавҳараки чашм эҳтиёт менамоянд.

Изҳороти Атоева М.М., н.и.ф., дотсенти

кафедраи забони русӣ ДДҲБСТ

You might also like