Аз бекорӣ ба кадукорӣ гузаштани хоинон
Дар ин замина, дар робита ба хиёнатҳои наҳзатиён бояд гуфт, ки ҳамавақт ин хоинон роҳеро ҷустуҷӯ мекунанд ва ё формулаҳои нав банаверо эҷод кардаву мехоҳанд мардуми тоҷикро даст ба гиребони якдигар созанд ва дар дохил мардумро бо мардум ҷанг андозанд. Албатта, чунин аст мақсади асосии онҳо ва хоҷагонашон, ки намедонад кадом роҳи иғвоангезиву дассисаро истифода баранд, то ба манфиатҳояшон бирасанд. Чунин шахсони сарсупурдаи миллатро ба монанди – Куруши Кабир, Деватичу Муқаннаъ, Маздаку Исмоили Сомонӣ, Фирдавсиву Синои бузург ва Айниву Бобоҷон Ғаффуров, ки тамоми умри хешро барои сарҷамъии миллат ва соҳиби давлати мустақил шудан сипарӣ намуданд, метавон ном бурд.
Шоистаи таҳсин аст, ки баъд аз мушкилоти вазинини таърихӣ, ки беш аз ҳазор сол мардуми тоҷик зери азобу шиканҷаи аҷнабиён қарор дошт, Яздони пок шахсеро имрўз аз батни модаре рӯи олам овард, ки орзуву ормони деринтизори миллати тоҷикро амалӣ сохт. Аз модаре, ки ин шахсияти мӯътабар зода шуд, ӯро “Модари наҷотбахши миллат” гӯем ҳам хато намекунем.
Ин марди ҷонфидои миллат – Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат – Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон мебошанд.
Аз лаҳзаҳои аввалини роҳбарии ин марди хирад маълум буд, ки барои сарҷамъии ин миллат ҳатто ҷони худро дареғ намедоранд. Маҳз ҳамин сарсупурдагӣ ва азхудгузариҳои Пешвои миллат буд, ки мо мардуми тоҷик ба ин рӯзҳои нек насиб гардидем.
Дар ин миён, бо боварии комил изҳор медорем, ки тамоми халқи тоҷик ба ҳиллаву дассисаҳои як чанд наҳзатиёни хиёнатпеша ба ҳеҷ ваҷҳ дода намешаванд. Зеро дар солҳои 90-ум зарбаи он тири хиёнаткориро хӯрдаанд ва аз ҳамин лиҳоз дастовардҳои ба дастомадаро бо тамоми ҳастияшон ҳифз менамоянд. Ва дар зери сиёсати Пешвои миллат ҳамеша муттаҳиду сарҷамъ гардида, бар зидди ҳама таҳдиду хатаре, ки ба Ватан, миллат ва давлат мекунад, мубориза мебаранд.
Мусаллам аст, ки хар як фарди худогоху Ватандӯст аз ҳодисахои солҳои 90-уми асри гузашта ёд дорад. Албатта, мо шохиди онем, ки ношукрон чи гуна ба вартаи гумроҳӣ дучор шуда истодаанд. Пушида нест, ки дар ҳаёт ва ҳатто дар сиёсату давлатдорӣ борҳо шахсони шукргузорро дидаем, ки ба мартабаҳои баланд расида, дар байни омма соҳибэхтиром гардидаанд баръакси ҳол нафаронеро ҳам медонем, ки аз ношукрӣ ба кадом азобу машаққатхо дучор омаданд. Бехабар аз он ки гуш надодан ба суханҳои пиронсолон ва бузургон оқибати хуб надорад, акнун чун мақоли халқӣ «худкардаро даво нест вовайлои пинҳонӣ» аз беруни давлат даст ба иғво ва ношукрии зиёд мезананд.
Як ҳолат моро ба ҳайрат меоварад, ки кӣ ба онҳо ҳуқуқи маънавӣ додааст, то ки аз дури дур истода ба оромии ватани маҳбубамон наҳ мезананд. Маълум аст, ки ба ҷуз кинаву адоват ва бахилӣ дар ботини онҳо дигар чизе нест. Аҳсан ба мардуми таърихии тоҷик, ки бо сари баланд ва бо умеди ояндаи нек Роҳбари арзанда ва оқилу донои худро бори дигар интихоб кард.
Бо сари баланд ва рўи сурх иброз медорем, ки дар шароити кунунии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ягона Роҳбари оқил, доно, дурандеш ва Сарвари арзандаест, ки мо дар мансаби Президентӣ мебинем. Бе ягон шакку шубҳа ва бо ҷонибдорӣ аз сиёсати дурбинонаи ин марди хирад ҳамаи мо овози худро ба он кас насиб донистем. Ҳақиқати ҳол ҳамин аст, ки мо мисли ин гурўҳи иғвогарон «аз бекорӣ ба кадукорӣ» машғул нестем, балки рўзу шаб бо меҳнати ҳаққу ҳалоли худ Ватани азизамонро обод намуда истодаем. Онҳо аз гуруснагӣ меноланд, ки дар гушаву канори Тоҷикистони биҳиштосо мардум ошпазӣ дорад. Магар не? Ин файзи Парвардигори ҳаждаҳ ҳазори Олам аст, мардум хурсандӣ дорад. Ба мисли шумобаринҳо ба иғво даст занем магар? Ҳаргиз! Ҳамаи ин ҳаводис нишонаи оромии Ватани азизамон, аз пурнозу неъмат будани дастурхони миллати куҳанбунёдамон дарак медиҳад.
Мардуми қадршиноси тоҷик аллакай ба дому фиреби наҳзатиён заррае боварӣ надорад. Ягон ашхоси солим кишвар намехоҳад ҳаводиси солҳи 90-умро ҳатто ба хотир биёрад. Аз ободии кишварамон магар хабар надоранд, ё ба чашм хок кашидаанд, ки чунин андешаҳои номардона доранд? Якбор бо чашми кушода назар андозед, ки Ватани маҳбубамон чи қадар ободу зебо аст ва аз ин пас, ин оромиро мо ягон вақт аз даст намедиҳем ва ҷоннисори он будем, ҳастем ва хоҳем буд.
Санавваров Ғ.Б. – н.и.ҳ., дотсент,
мудири кафедраи ҳуқуқи
гражданӣ ва меҳнати ДДҲБСТ