Истиқлолият ва эҳёи анъанаҳои миллӣ
Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон чун як раҳнамои миллат бо қадрдонии фарҳанги миллату халқи худ дар роҳи эъмори як кишваре, ки метавонад бақои устувор дошта бошад, қадамҳои устувори худро гузоштааст. Пешвои миллатамон тавонист, ки мо – тоҷиконро чун соҳиби фарҳанги воло дар арсаи ҷаҳонӣ муаррифӣ кунад.
Маҳз ӯ буд, ки имрӯз тоҷик сарҷамъ аст ва нагузошт, ки «табартақсим»-и дигаре мулки аҷдодии моро пора созад. Фарҳанги сулҳофарии ӯ ибратомӯз ва ҳамзамон мояи ҳасади тангбинон аст. Пешвои миллат сипари фарҳангиеро сохт, ки кафолати бақои миллату халқи тоҷик аст. Касе бояд имрӯз бо ин андеша миннат нагузорад, балки Эмомалӣ Раҳмонро фарҳанги сулҳу ваҳдатофаринияш пешво кард. Фарҳангҳои аз дастрафтаро эҳё бахшиданаш ӯро раҳнамои миллат сохт. Ин ҳам падидаи фарҳангист, ки ӯро акнун Пешво меномем. Зеро ин падида боз як омили муттаҳид шудани тоҷикон дар атрофи ӯ мебошад.
Бо эътимоду қаноатмандӣ иброз медорем, ки зери роҳнамоии ин абармарди миллат маънавиёту маърифати мардум дар роҳи худшиносӣ ба маротиб боло меравад. Таҷлили солгарду мавлуди фарзандони шоиставу фарзонаи миллат, аз қабили 1150-солагии сардафтари адабиёти классикии форсу тоҷик Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ, 1000-солагии Носири Хусрав, 700-солагии Камоли Хуҷандӣ, 800-солагии Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ, 1310-солагии Имоми Аъзам Абӯҳанифа, 600-солагии Нуриддин Абдураҳмони Ҷомӣ, 700-солагии мутафаккири барҷастаи Шарқ Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ, 5500 солагии Саразми бостони ва монанди ин як омили бузурги таконбахшанда дар роҳи баланд шудани маънавиёти ҳамдиёрони мост.
Дар қатори ин таҷлилҳо эҳё намудани чашни бузурги Сада, Меҳргон низ баҳри худшиносии милли таккони бузург медиҳад
Ҳафтаи сипаришуда чун анъана дар сар то сари ҷумҳурӣ иди Меҳргон ҷашн гирифта шуд. Чунин ҷашне, ки солҳои шӯравӣ ба гӯшаи фаромӯши рафта буд. Чун анъана дар ин рӯзҳо пухтупазҳои гуногун, аз он ҷумла оши палави тоҷикӣ пухта мешавад.
Гузаронидани озмунҳои гуногун яке аз суннатҳои қадимаи ин ид ба шумор рафта ба он “Реза кардани сабзӣ” “Ошхурӣ” “Пазандаи беҳтарини таоми миллӣ” шомил мешавад.
Имрӯзҳо бошанд он шахсоне, ки (наҳзатиёни ифротӣ ва пайравони онҳо) аз анъанаҳои ниёгони худ бехабаранду танҳо манфиатҳои худро дар мадди аввал мегузоранд ҳар гуна гуфтаҳои бефарҳангона мезананд ва аз бефарҳангии худ ба тамоми олам хабар медиҳанд.
Эй бефарҳангон пеш аз он, ки ҳар гуна суханҳои пучро мегуеду менависед, аввал аз таъриху фарҳанги ғании тоҷикон бохабар шавед. Беҳуда нагуфтаанд: “Пистаи бемағз гар лаб во кунад расво шавад”.
Эй гадоёни хоки ватан шумо одоби оддии шарқиро низ фаромӯш кардаеду ба ошхурии дигарон бо чашми ҳасад менигаред.
Таърих гувоҳ аст, ки маҳз “Оши оштӣ” буд, ки мамлакатро аз вартаи ҳалокат эмин дош, ба барқарорсозиҳо заминаи устувор гузошт.
Муҳиддинов М. – н.и.б., дотсенти кафедраи
маркетинг-агробизнеси ДДҲБСТ