Сафсатаҳои навбатӣ

Дар маводи ба ном таҳлилгари сиёсӣ  Анвар Мунавваршоев аз ҷумла омадааст: “Як нуқтае, ки таҳлилгари мустақили тоҷик ба радиои “Озодӣ” баён намуд ва дар аснои ин муҳокима намоиш дода шуд, он буд, ки ҳукумат ба парокандагии оппозитсиони тоҷик дар хориҷа то андозае таъсир расонидаву дар ин ҷода муваффақ ҳам гардидааст. Албатта агар чунин кӯшишҳое аз ҷониби ҳукумат рух дода бошад ҳам, он то ҳоло паси парда аст, зеро пеши чашми мардум сурат нагирифтааст ва далелеро низ барои тасдиқи ин амал рӯи даст надорем.”

Хуб, агар далеле нисбати ин ва масъалаҳои муҳокимагардида надошта бошед, номи чунин таҳлилро сафсата мегўянд. Лекин ин сафсатаи рўзмарра нест, чунки он дар мавзўи сиёсат аст. Бинобар ҳамин  чунин сафсатаҳо дар ҷомеа фазои иғвоомезро фароҳам оварданаш мумкин аст. Ҳукумат ба парокандагии қувваҳои оппозитзионӣ кўшишҳо ҳам карда бошад ин ҳама кам аст, чунки душманони миллат бояд саркўб гарданд, то ки онҳо ба сари мардуми тоҷик, ба ҷомеаи рушд карда истода боз ҳам бадбахтии солҳои 90-уми асри ХХ-ро бор накунанд.

Анвар Мунавваршоев мавқеи таҳлилгари дигар Шокирҷон Ҳакимовро овардааст, ки ў гуё инро рӯирост эълон намудааст ва дар бораи ким-кадом косаю нимкосае сафсатахонӣ кардааст, чунки ин “таҳлилгар” низ ягон далел наовардааст.

Сабаби асосии таи чанд соли охир Додоҷон Атовуллоев, ин мунаққиди сарсахттарини Эмомалӣ Раҳмон дигар аз танқиди ҳукумат лаб  бастанаш, ба ақидаи мо, дар он аст, ки ў ва дигар пайравонаш аз хориҷи кишвар бошад ҳам бо  чашми хеш дида истодаанд, ки  дар Тоҷикистон сулҳ, ваҳдат, фазои ба рушди ҷомеа мусоидаткунанда ба вуҷуд омадааст. Насли наврас дар руҳияи ватандӯстӣ тарбия ёфта истодааст ва дар муқоиса бо кишварҳои ҷангзада (масалан, Афғонистон) ба садсолаҳо пеш рафтааст. Вақте ки шахс ба воқеият қоил мешавад, дигар ба танқидкуниҳои бемантиқ идома намедиҳад, дар акси ҳол онро аҳмақ ҳисоб мекунанд. Бинобар ҳамин, ба ақидаи мо, Додоҷон Атовуллоев ва пайравони ў воқеиятро ҳис не онро дидаанд.

Пешвои миллат, Асосгузори Сулҳу ваҳдати миллӣ Эмомалӣ Раҳмон номзадии худро ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар асоси меъёрҳои Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, қонунҳои конститутсионӣ, дигар қонунҳо ва баробари панҷ рақиби дигар пешниҳод намуданд. Халқи Тоҷикистон бе маслиҳату ёрмандии мухолифини дар хориҷи кишвар (Аврупо) қарордошта Роҳбари сиёсии давлатро интихоб менамояд. Ногуфта намонад, ки Ҳизби эктремистӣ-террористӣ этироф намудани  наҳзати ислом аз ҷониби Президенти Тоҷикистон ба вуқўъ наомадааст, балки дар асоси Қарори Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, бо исботу далел (сафсата не) мамнўъ эълон шудааст.

Каримова М.М. – сармуаллимаи кафедраи

 ҳуқуқи ҷиноятӣ, криминалистика

ва пешгирии коррупсияи ДДҲБСТ

You might also like