Бизнеси сиёҳи Ислоҳ.нет ошкор гардид
Яке аз вазифаҳои асосии сиёсати давлат дар соҳаи мубориза бар зидди ҷинояткорӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон тавассути мустаҳкамкунии қонунгузорӣ, волотарин ақидаҳои умумииҷтимоии адолатпарварӣ, баробарӣ ва инсондӯстӣ таҷассум гардидаанд.
Кабирӣ ва пайравони ў бо амалҳои ҷинояткоронаи худ маблағҳои муфтро ба даст оварда, зидди миллату давлати худ равона менамоянд. Кирдори Муҳаммадиқбол Садуридинов, масъули сомонаи Ислоҳ.нет яке аз муридони Кабирӣ, ки бо номи Муҳаммадиқболи Садриддин мақолаҳои ифротӣ менависад, тибқи маркази матбуоти Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон на танҳо бо роҳи фиреб ё сӯиистифодаи боварӣ ба мақсади табдил додани ин амвол ба манфиати худ зоҳир мешавад, балки бо амалҳои зиддиқонунии худ хиёнат ба мардуми бошарафи тоҷик карда истодааст.
Дар кирдори ин муриди Кабирии ҷинояткор фиреб дар ҳолати қаллобӣ, яъне таҳрифи ҳолати воқеии ҳақиқат, хабар додани маълумоти нодуруст ва ё нагуфтани ҳақиқати воқеие, ки
шахсро зарур буд онро ба контрагент бирасонад, бо мақсади он ки
ҷабрдидаро ба гумроҳӣ водор созад ё аз иштибоҳи қаблан дар ҷабрдида пайдошуда барои ноил шудан ба мақсадҳои муайяни худ истифода барад. Яъне, ў бо воситаи таҳрифи ҳақиқат, расонидани маълумоти бардуруғ нисбати фактҳо, ки аз ҷумлаи амалҳое зиште, ки ин ашхоси ватанфурўши миллат ва хоини давлат қодир аст, содир намояд. Ин кирдор на танҳо нисбати ин се шаҳрвандон зарари махсусан калони иқтисодӣ расонидааст, балки зидди тамоми халқи тоҷик.
Оғоз шудани парвандаи ҷиноятӣ ва дар кофтукови расмӣ эълон карда шудани Садуридинов Муҳаммадиқбол, идома доштани тафтишоти пешакӣ дар робита бо ин парванда худ шаҳодат аз он аст, ки чи барои Тоҷикистони имрӯзаи мустақилу ҳуқуқбунёд ва чи барои ояндаи он, ки принсипи асосии он баробарии ҳама дар назди қонун ва суд мебошад, кафолат медиҳад.
Бо боварии том гуфта метавонем, ки рӯзе ингуна ҷинояткорони қаллобу хиёнатпеша барои амалҳои муғризонаи худ назди қонун ва халқ ҷавоб медиҳанд. Волоияти қонун кафили осоиштагии мардум аст.
Раҳматова З.М. – н.и.ҳ., дотсенти кафедраи
ҳуқуқи конститутсиони ДДҲБСТ