Эҳёи арзишҳои миллӣ
Ҳар сол фасли тирамоҳ чун анъана дар ҳудуди давлат или Меҳргон ҷашн гирифта мешавад. Зеро Меҳргон оини бисёр бостонӣ буда, меъроси арзишманди аҷдодии шарафмандонамон буда, дар тӯли таърих ва имрӯз яке аз рукнҳои муҳими худшиносиву худогоҳии мардуми мо ба ҳисоб меравад. Меҳргон дар фарҳангу тамаддуни халқи тоҷик ҷойгоҳи хоса дошта, ба мо таърих гувоҳ аст, ки ин ҷашн яке аз идҳои қадимтарини мардумони форсу тоҷик мебошад. Ин ҷашн рўзи 16-и меҳр, ки онро рўзи Меҳр меноманд, баргузор мегардад. Дар сарчашмаҳои таърихӣ бо номи Митракона ё Митра зикр шудааст ва таърихи чаҳорҳазорсола дорад.
Ин ҷашн баробари инкишоф ёфтани корҳои деҳқонӣ ва ҷорӣ шудани тақвими деҳқонӣ пайдо шудааст. Меҳргон асосан иди ҳосилот аст ва дар оғози фасли тирамоҳ ҷашн гирифта мешавад, ки бо ҳисоби милодӣ аз 23 сентябр то 22 октябр давом меёбад.
Ба ҷашни Меҳргон истиқлолият умри дубора бахшид. Таҷлили иди Меҳргон тибқи қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 5 августи соли 2009 № 538, дар тамоми гўшаю канори кишварамон бо шукўҳу шаҳомат ба роҳ монда мешавад. Бо таваҷҷуҳ ба ин ки Меҳргон яке аз ҷашнҳои сегонаи машҳуру маъруфи мардуми тоҷику форс мебошад ва пайдоишу такомул ва таҳаввули минбаъдааш асосан бо шуғли кишоварзӣ марбут аст, бо дастуру ҳидоятҳои Асосугзори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ин иди бостонӣ ҳар сол рўзи 8 октябр чун иди миллии давлатӣ бо шукўҳу шаҳомат таҷлил мегардад.
Мувофиқи ойини гузаштагонамон, дар рўзҳои ҷашни Меҳргон маросимҳои зиёде сурат мегирифтанд, зеро дар давраҳои бостон шуғли аксарияти одамон ин кишоварзӣ буд ва айни хол низ ин урфу одатҳо дар амал татбиқ карда шуда истодаанд.
Маҳз дар ин айём бо шарофати Асосугзори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои ифтитоҳ, соҳаи кишоварзӣ ва гузоштани сангҳои асосӣ ба як қатор иншооти таъиноташон гуногун монда мешаванд, ки барои ояндаи рушду нумуи Тоҷикистони азизамон саҳми бузург дорад, ташрифҳои гуногун меоранд.
Ҳарчанд тамоми дунёро пандемияи COVID-19 фаро гирифта бошад, ҳам бо ташаббуси сарони кишварҳо барои ворид гардидан ба давлат якчанд хатсайрҳо ба роҳ монда шуданд, ки барои беморон ниёзмандон ва муҳтоҷон гузошта шуда буд. Инчунин бо мақсади баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии аҳолӣ ва амалӣ гардонидани сиёсати иҷтимоии давлат Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тадбирҳои тақвият бахшидани сатҳи ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ва зиёд намудани маоши амалкунандаи вазифавии хизматчиёни давлатӣ, кормандони муассисаю ташкилотҳои буҷавӣ, андозаи нафақа ва стипендия», ки аз 4 августи соли 2020, №1580 ба тавсиб расидааст, ки ин ҳам ба манфиати мардуми кишвар мебошад.
Изҳороти Кабирзода Г.Қ. – ассистенти кафедраи
ҳуқуқи судӣ ва назорати прокурори ДДҲБСТ