ДДҲБСТ: Баргузории озмун барои дарёфти Стипендияи раёсати донишгоҳ

Ҳавасмандгардонии донишҷӯён замина мегузорад,ки онҳо пайваста ба омӯзиш машғул гардида, донишҳои тахассусиву сиёсиашонро тақвият диҳанд ва дар корҳои ҷамъиятӣ фаъолона ширкат варзанд.

Бо ташаббуси роҳбарияти Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон соли сеюм аст, ки дар донишгоҳ Стипендияи раёсати донишгоҳ роҳандозӣ гардида, донишҷӯёни фаъол ба гирифтани он комёб мешаванд.

Давоми ду рӯз мешавад, ки донишҷӯён аз ҳама факултетҳои донишгоҳ барои гирифтани Стипендияи раёсати донишгоҳ дар озмун ширкат меварзанд. Дар озмун беш аз 60 нафар донишҷӯён иштирок намуда, аъзои комиссия аз рӯи шартҳои худмуаррифӣ, сатҳи забондонӣ, сатҳи дониши сиёсию ҳуқуқӣ ва сатҳи донишҳои тахассусӣ ба довталабон баҳогузорӣ карданд.

Озмуни барои гирифтани Стипендияи раёсати донишгоҳ бо мақсади дарёфт ва ҳафасмандгардонии донишҷӯёну магистрантон ва докторантон, ки давоми таҳсил ба дастовардҳои назаррас соҳиб шуда, дар корҳои ҷамъиятӣ фаъолона иштирок мекунанд, ва бо фаъолияти хеш дар баланд бардоштани обрӯву нуфузи донишгоҳ ҳиссагузорӣ менамоянд, таъсис дода шудааст.

Тибқи муқаррароти низомнома нахуст озмуни мазкур дар сатҳи факултетҳо доир гардида,сипас дар раёсати донишгоҳ баргузор мешавад.

Маросими расмии супоридани шаҳодатномаҳо ба ғолибони озмуни Стипендияи раёсати донишгоҳ дар Рӯзи Парчами миллӣ дар назар аст.

Шуъбаи таҳлил ва робита бо ҷомеа

 

You might also like