Эҳтиром ба Камолу арҷгузорӣ ба Меҳргон дар ДДҲБСТ

Ҳукумати мамлакат ҳанӯз аз оғози истиқлоли давлатӣ ба гиромидошти шахсиятҳои барҷастаи илму фарҳанг ва шеъру адаб, ки барои ҳифзи таърих, забон, фарҳанг ва тамаддуни тоҷикон хизматҳои мондагор анҷом дода, дар айни замон, дар рушду пешрафти тамаддуни ҷаҳонӣ саҳми арзишманд гузоштаанд, тавассути баргузории чорабиниву иқдомоти сатҳи баланд эътибори махсус медиҳад.

Дар пайравӣ ба иқдому ташаббусҳои  ҳукумати кишвар дар Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон бо мақсади гиромидошти шахсиятҳои бузург ва ҷашну маросимҳои миллӣ мунтазам чорабиниҳо ташкилу роҳандозӣ мегарданд.

Дар факултетҳои ҳуқуқшиносиву   сиёсатшиносӣ ва муносибатҳои байналхалқӣ ба муносибати 700-солагии Камоли Хуҷандӣ  ва ҷашни Меҳргон конференсияву чорабиниҳои адабӣ-фарҳангӣ  ва тарбиявӣ доир гардиданд.Зимни баромади устодону донишҷӯён иброз гардид, ки Камоли Хуҷандӣ яке аз бузургтарин шоирони ғазалсарои халқи тоҷик буда, дар таърихи шеъри форсӣ-тоҷикӣ бо ғазалҳои рангину диловезаш мақому мартабаи хосеро ишғол кардааст.

Бо пешниҳоди Ҳукумати Тоҷикистон таҷлил ёфтани ҷашни 700 — солагии Камоли Хуҷандӣ аз ҷониби ташкилоти воломақоми фарҳангии байналмилалӣ – ЮНЕСКО дар саросари олам басо нишотангез аст. Илова гардид, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти эҳёи расму оинҳои бостонӣ, шинохту арҷгузории шахсиятҳои таърихӣ хизматҳои бузург карданд.  Арҷгузорӣ ба шоири бузург бешак, ҷомеаи Тоҷикистон, аҳли илму адаб ба ин васила барои боз ҳам хубтар шинохтан ва дастраси хонанда кардани осори шоири овозадор, фарзанди фарзонаи миллат корҳои шоистаеро ба сомон хоҳад расонд.

Донишҷӯён низ зимни баргузории чорабиниҳо дар мавриди ҷашни Меҳргон ва бузургдошти Камоли Хуҷандӣ маърӯзаҳо ироа намуда, ҳамчунин порчаҳои назмӣ қироат карданд.

Чорабиниҳои баргузоргардида дар боло рафтани ҳисси ифтихори миллӣ ва худшиносиву худогоҳии насли наврасу ҷавон нақши басо назаррас мегузорад.

Шуъбаи таҳлил ва робита бо ҷомеа

 

You might also like