Баргузории чорабиниҳо бахшида ба 700-солагии Камоли Хуҷандӣ
16 октябри соли 2020 дар кафедраҳои факултети инноватсия ва телекоммуникатсияи Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон бахшида ба 700-солагии Камоли Хуҷандӣ маҳфилу чорабиниҳои адабиву фарҳангӣ ташкилу баргузор гардиданд. Дар чорабиниҳо перомуни ҳаёту фаъолият ва эҷодиёти Камоли Хуҷандӣ, мавзӯҳои эҷодиёти ғазалиёти ин шоири номвари форсу тоҷик маърӯзаҳо ироа карда шуд.
Иброз гардид, ки Камоли Хуҷандӣ шоири ширинкаломи форсу тоҷик буда, дар ҳунари ғазалсароӣ бо шоирони машҳури форсу тоҷик аз ҷумла бо Саъдиву Ҳофиз дар як мавқеъ қарор дорад.
Камоли Хуҷандӣ соли 1318 дар соҳили дарёи Сир дар шаҳри Хуҷанд ба дунё омадааст. Овони кӯдакӣ ва таҳсили ибтидоияшро дар зодгоҳаш гирифта, барои такмили илму дониши худ ба шаҳрҳои Самарқанду Тошканд ва Хоразм сафар намуда, бо зеҳни фавқулодаи худ ҳамаи илмҳои замонашро аз бар намудааст.
Дар мавриди эҷодиёти Камоли Хуҷандӣ аз ҷониби баромадкунандагон зикр шуд, ки асоси эҷодиёти ин шоири ширинкаломро ғазал ташкил медиҳад. Мавзӯҳои ғазалиёти Камоли Хуҷандиро инсондӯстиву раҳму шафқат, ахлоқи ҳамдаи инсонӣ, ишқи пок эҳтироми бузургон ташкил медиҳад.
Донишҷӯён зимни маҳфилу чорабиниҳо аз ашъори Камлоли Хуҷандӣ ғазалхонӣ намуданд, ки бисёр дилонишину тарбиявӣ буд ва ҳар нафарро ба роҳи рости зиндагӣ ҳидоят менамуд.
Дар интиҳо декани факултети мазкур Абдуқуддус Ҷабборов иброз дошт, вазифаи мо омӯзгорон аст, ки донишҷӯёну ҷавононро дар асоси ашъори ватандӯстона ва инсонпарваронаи шоири барҷастаи форсу тоҷик Шайх Камоли Хуҷандӣ ва дигар шоирони форсу тоҷик таълиму тарбия намуда, ворисони асилу пайравони воқеии онҳо ба воя расонем. Ҳадафи баргузории чорабиниҳо низ арҷгузории ашъори Камоли Хуҷандӣ ва эҳтироми бузургони миллати тоҷик маънидод гардид.
Шуъбаи таҳлил ва робита бо ҷомеа










