Кабирӣ ва ҳампаймонони ӯ дар дашту биёбонҳои САҲА
Рӯзҳои нахустини баргузории нишасти САҲА (моҳи сентябри соли гузашта) рузҳои даҳшатбор буданд. Бар сари минбар омадани хоинони миллат шаҳрвандони мамлакатро водор намуд, ки баҳри аз халаф дур бошанд.
Қисмати аввали ҳуҷуми ў, ки ғолибан бо «ҳуҷум»-и ҷонибдорони Паймони миллӣ ба намояндагони Ҳукумати Тоҷикистон гузашт, «хоҳар Ҳумайро», ки дар паҳлӯи Кабирӣ нишаста буд бо забони русӣ мебурд. Нахуст доду войи он зани бешарм, ки бо ҳар баҳона суханронии фиристодагони Ҳукуматро бо нидоҳои «хватит», «вы уже высказались» пахш мекард. Ин бону чунон ба нақши «модератор» ворид гардида буд, ки ҳатто номи баъзе ҳаммаслаконашро фаромӯш намуда эълон мекард: «сейчас очереди просит «господин молодой человек».
Равияи ба ном динии наве, ки имрўз тамоми ҷаҳонро паҳн намудааст, хатарзо буда, ба аҳли ҷомеаи олам хавфи басо ҳам бузургеро меорад. Бо шиддат ёфтани муносибати байни миллатҳо, омилҳои умумияти динӣ, энтикӣ, минтақавӣ раҳои ёфтан аз ин вабои замона хело ҳам ҷидду ҷаҳди бисёреро талаб менамояд. Ҳарчанд ки ҷанги шадид дар давлатҳои исломӣ рафта истода бошад ҳам, аммо баъзеҳо бар он ақидаанд, ки сабабгори асосии ҷанг ИМА аст. Асоси масъалаи ҷанги давлатҳои исломӣ низ аз ин давлат ибтидо мегирад.
Фарзанди фарзонаи миллат, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо азобу машаққатҳои зиёд ҷони худро зери хатар гузошта, ба давлати биҳиштосои тоҷикон сулҳу суботро оварданд. Ин равияи номатлуб ва нобаҳангоми замон мехост ба оромиву осудагии миллати тоҷик монеаҳоро офарад. Ҷомеаи тоҷик, ки нисбати амалҳои ифротгаронаи ҳизбҳои тунгаро бетараф нест ва фаъолияти худро баҳри тарбияи қишри ҷавони ҷомеа дар руҳияи масъулиятшиносӣ, инсондўстӣ, ҳуввияти миллӣ, хештаншиносӣ равона менамояд. Дар асоси сиёсати хирадмандона пешгирифтаи Пешвои муаззами миллат корҳои пешгирии амалҳои ҳизбҳои ифротгаро ва хатарзо рафта истодаанд. Дар радифи ин амалҳо ҷавонон низ ҷонибдоранд, ки кирдорҳои ҲНИ ва умуман фаъолияти ғайриқонунии онҳо аз байн бурда шавад.
Дар ин раванд тариқи заминаи динӣ ба ҳам гаравидани халқҳо ба муқобили намояндагони дини дигар аз эътибор дур сохтан нашояд. Алҳол, дар сатҳи сиёсати зидди терроризм тамоми тавоноии воситаҳои ахбори умуми олами насронӣ ба муқобили пайравони дини ислом нигаронида шудаанд. Идеологҳои олами насронӣ ва сиёсатмадорони онҳо хеле хуб медонанд, ки сарзамини халқҳое, ки пайрави исломанду захираҳои бои табиӣ ва имконияти бузурги ҷонию ақлонӣ дошта, дар сурати доштани ҳаёти беихтилоф метавонанд ба дараҷаи баланди тараққиёти иқтисодию сиёсӣ ва илмӣ- техникӣ бирасанд. Аз ҳамин хусус, нооромӣ дар ин кишварҳо ба манфиати олами насронист. Бешак, замоне, ки олами ислом ин бозиҳои сиёсии олами насрониро дониста мегиранд, зиддиятҳо боз ҳам шадидтар мегарданд.
Ҷавонон ҷавобан ба бовариву эътимоди давлату ҳукумати мамлакат кўшиш мекунанд, ки баҳри рушди босуботи кишвар саҳми арзандаи худро гузоранд, ҳеҷ гоҳ намегузоранд, то як нохалафе ҳадафи нопоки худро дар давлати орому осуда, давлате, ки соҳибистиқлол асту Пешвои муаззам дорад, амалӣ намояд. Тарафдори сулҳу субот, амнияти миллӣ ва осмони беғубору софи кишвари биҳиштосо ҳастем!
Юсупов Д. – н.и.и., дотсент, мудири
кафедраи кори бонкии ДДҲБСТ