Интихобот-омили инкишофи низоми сиёсии демократӣ
09 октябри соли 2020 дар факултети сиёсатшиносӣ ва муносибатҳои байналхалқии Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон конфронси илмию тарбиявӣ таҳти унвони “Интихобот-омили инкишофи низоми сиёсии демократӣ” баргузор гардид. Дар кори ҳамоиш намояндаи раёсати донишгоҳ, садорати факултети мазкур ва устодону донишҷӯёни факултети сиёсатшиносӣ ва муносибатҳои байналхалқӣ ширкат намуданд. Намояндаи раёсати донишгоҳ иброз кард, ки дар ҷомеаи демократӣ интихобот воситаи муҳими изҳори иродаи сиёсии шаҳрвандон ба ҳисоб меравад ва иштирок дар ин маъракаи муҳими сиёсӣ муфид мебошад.
Сипас, чанде аз устодони кафедраи сиёсатшиносии донишгоҳ дар мавзӯҳои “Системаи интихоботӣ: навъҳо ва хусусиятҳои онҳо”, “Нақши интихобот дар рушди низоми сиёсии демократӣ” ва “Интихобот-воситаи инкишофи маданияти сиёсии шаҳрвандон” баромад карданд.
Воқеан, интихобот яке аз шаклҳои асосии изҳори иродаи халқ мебошад. Халқ чун сарчашмаи ягонаи ҳокимият дар интихобот иродаи худро бевосита изҳор мекунад, изҳор гардид зимни баромади маърӯзачиён.
Ҳамчунин зикр шуд, ки низоми интихобот падидаи муҳими демократия ва маҷмўи муносибатҳои ҷамъиятие мебошад, ки дар алоқамандӣ бо ташкили мақомоти намояндагии ҳокимияти давлатӣ ва ҳуқуқи субъективии шаҳрванд оид ба интихобу интихобшавӣ ба вуҷуд меоянд.
Инчунин, дар кафедраи ҳуқуқи конститутсионии факултети ҳуқуқшиносии донишгоҳ маҳфили илмии донишҷӯёни “Конститутсионалият” дар мавзӯи “Асосҳҳои конститутсионии интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон” доир гардид. Донишҷӯён дар мавзӯҳои “Интихобот-шакли олии таҷассумёбии соҳибихтиёрии халқ”, “Асосҳои ҳуқуқии интихоботи Президент дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” ва “Хусусиятҳои интихоби сарвари давлат дар мамлакатҳои хориҷӣ” баромад карданд.
Баргузории чунин конференсияву маҳфилҳои илмӣ барои баланд бардоштани донишу маърифати ҳуқуқии донишҷӯён ва иштироки фаъолонаи онҳо дар маъракаҳои муҳими сиёсӣ заминаи мусоид фарҳам меорад.
Шуъбаи таҳлил ва робита бо ҷомеа




