Баргузории маҳфилу мизҳои мудаввар бахшида ба 5500-солагии Саразм ва 700-солагии Камоли Хуҷадӣ

Дар доираи ҳафтаи кафедраи забони тоҷикии Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон  маҳфили адабии “Камолхонӣ” бахшида ба таҷлили 700-солагии шоири тоҷик Камоли Хуҷандӣ баргузор гардид.

Дар маҳфили мазкур садорати факултети молия ва устодону донишҷӯёни кафедраи забони тоҷикӣ ширкат намуданд. Декани факултети мазкур Хоҷаева Д. баромад намуда афзуд, ки қадршиносии фарзандони фарзонаи миллат дар саргаҳи сиёсати фарҳангофари роҳбари давлат ва зери таваҷҷуҳи доимии ҳукумати мамлакат қарор дорад. Таҷлили 700-солагии Шайх Камоли Хуҷандӣ аз эҳтирому арҷгузории бузургон ва қадршиносии онҳо гувоҳӣ медиҳад.

Дар идомаи маҳфили адабӣ мудири кафедраи забони тоҷикӣ Аслам Каримов дар мавзӯи “Вижагиҳои ғазалиёти Камоли Хуҷандӣ” баромад кард. Иброз шуд, ки Камоли Хуҷандӣ шоири ширинкаломи форсу тоҷик буда, дар ҳунари ғазалсароӣ бо шоирони машҳури форсу тоҷик аз ҷумла бо  Саъдиву Ҳофиз дар як мавқеъ қарор дорад. Камоли Хуҷандӣ барои мо ғазал, қитьа ва рубоӣ мерос гузошта, дар адабиёти классикии форсии тоҷикӣ ҳамчун устоди ғазал эътироф гардидааст.

Ҳамчунин Солебой Кенҷаев дар мавриди “Камоли Хуҷандӣ-устоди сухан” маърӯза кард. Гуфта шуд, ки мавзӯи ғазалиёти шоир гуногунранг буда, тамоми мавзӯьҳои ҳаётиро дарбар мегирад.  Вале мавзуи асосии ғазалиёти шоирро ишқу муҳаббати поку самимӣ фаро гирифтааст.Ғазалхонии донишҷӯён аз ашъори шоир Камоли Хуҷандӣ ба маҳфил ҳусни анҷом бахшид.

Ҳамчунин дар доираи ҳафтаи кафедраи забони тоҷикӣ ба ифтихори 5500-солагии Саразми бостон мизи мудаввар доир гардида, устодону донишҷӯён доир ба таърихи куҳани ин мероси ниёгон маълумот доданд.

Дар кафедраи фанҳои риёзӣ ва табиатшиносии муосир низ ба ифтихори 700- солагии Камоли Хуҷандӣ чорабинии тарбиявӣ  бо номи “Олам сухани Камол бигрифт” баргузор гардид. Дар чорабинии тарбиявӣ доир ба ҳаёту фаъолият ва эҷодиёти ин шоири ширинкалом маълумот дода шуд.

Чорабиниҳои мазкур бо мақсади эҳтирому арҷгузории бузургони миллат ва ҳифзи эҷодиёти онҳо баргузор гардида, донишҷӯёнро водор месозад то ашъори онҳоро азхуд намоянд ва ба дигарон тавсия диҳанд.

Шуъбаи таҳлил ва робита бо ҷомеа

 

 

You might also like