Кастинг-озмуни «Соҳибистеъдод» дар ДДҲБСТ

Ҳамасола дар Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон бо мақсади дарёфти истеъдодҳои нав дар риштаҳои ровигиву шеърхонӣ ва сарояндагиву навозандагӣ ва рассомӣ кастинг-озмуни «Соҳибистеъдод» ташкилу баргузор карда мешавад.

Дирӯз кастинг-озмуни мазкур донишҷӯёни дорои истеъдодҳои фитриро аз ҳама факултетҳои донишгоҳ сарҷамъ кард.

Донишҷўён аз рўи номинатсияҳои ровигӣ, навозандагӣ, рақс, овозхонӣ ва рассомӣ  маҳорати худро нишон дода, аз ҷониби ҳаъати ҳакамон мавриди баҳогузорӣ қарор гирифтанд. Беш аз 50 нафар соҳибистеъдод, ки бештар курсҳои якум буданд, дар озмуни мазкур иштирок намуда, малакаю маҳорати худро нишон доданд ва сазовори баҳои баланди аъзои ҳакамон шуданд.

Аз 50 нафар иштирокчиён дар номинатсияҳои гуногун 15 нафар ба аъзогии ансамбли наздидонишгоҳии “Ошёни меҳр” қабул гардиданд ва минбаъд маҳорату истеъдодашонро зери роҳбарии устодони соҳибзавқ сайқал хоҳанд дод.

Ёдовар мешавем, ки кастинг-озмуни «Соҳибистеъдод» бо мақсади дарёфти ҷавонони соҳибзавқ, тарғибу ташвиқи фарҳанги миллӣ, тақвият бахшидани фаъолияти ансамбли «Ошёни меҳр» байни донишҷўёни донишгоҳ роҳандозӣ гардидааст.

Шуъбаи таҳлил ва робита бо ҷомеа

You might also like