Забон- ҳастии миллат!

05 октябри соли равон дар Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон ба ифтихори Рӯзи забони давлатӣ конференсия баргузор гардид.Муовини ректори донишгоҳ, профессор Тӯрақул Ризоқулов ҳамоишро ифтотоҳ намуда, меҳмононро муаррифӣ кард ва иштирокчиёнро   барои тозаву беолоиш нигоҳ доштани забон, ташаккул ва рушди  забони тоҷикӣ даъват кард.
Дар идомаи ҳамоиш профессори кафедраи забони тоҷикии ДДҲБСТ Туғрал Шокиров дар мавзӯи “Сарчашмаи илҳомбахши пажӯҳиши забони миллӣ”, мудири кафедраи забони тоҷикии ДДХ ба номи академик Б. Ғафуров, профессор Абдуҷамол Ҳасанзода зери унвони “Муҳофизи беназири ёдгории арзиши миллат”, дотсенти кафедраи забони тоҷикии ДДХ ба номи академик Б. Ғафуров Мусо Олимҷонов дар мавзӯи “Пешвои миллат-ҳомии забони миллӣ” ва мудири кафедраи забони тоҷикии ДДҲБСТ, дотсент Аслам Каримов дар мавзӯи “Тараннуми забони тоҷикӣ дар эҷоди адибон” маърӯзаҳо ироа намуданд.
Дар баромади маърӯзачиён ҳамчунин перомуни асари пурарзиши Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Забони миллат-ҳастии миллат» сухан рафт. Гуфта шуд, ки асари мазкур дар баробари инъикоси таърихи ҳифзи Ватан ва муқаддасоти миллиамон аз ҷониби ниёгон, шебу фарозҳои он дар масири зуҳуру густариш ва зарфиятҳои фароху фарогири забони тоҷикӣ саршори муҳаббати самимии муаллиф ба забон ва соҳибони он мебошад. Асари мазкур бузургтарин сарчашмаҳои таърихию тамаддуни тоҷиконро фаро мегирад ва бо асоснокии илмӣ исбот карда шудааст, ки замоне истифодаи ин ё он забон дар ягон соҳа ё ришта маҳдуд мешавад, ҳамон дам ин вазъият ба такомули он таъсир расонда, дар ҳамон риштаҳои онро забони дигар ишғол менамояд. Бинобар ин, Сарвари давлат пайваста омўзиши дурри гаронбаҳои миллатро бо ин забони ноб таъкид дошта, риояи меъёр ва поку бегазанд маҳфуз доштани забони давлатиро вазифаи ҷонии ҳар як шаҳрванди баору номус меҳисобанд ва бегазанд ба дасти насли оянда ба мерос мондани ин арзиши миллиро таъкид медоранд.
Забони тоҷикӣ дар тӯли асрҳои зиёд ба сифати омили ваҳдатсозу муттаҳидкунанда хизмат карда, имрӯз низ ба мардуми мо барои таҳкими пояҳои давлатдории миллӣ ва пешрафту ободии Ватани аҷдодӣ илҳому нерӯ мебахшад, илова шуд дар идомаи ҳҳамоиш.
Бояд тазаккур намуд, ки ҳифзи забони модарӣ на танҳо вазифаи забоншиносон, балки рисолати аҳли ҷомеа аст, зеро забон василаи муоширати одамон буда, танҳо ҷамъият қодир аст онро аз таҳдиду хатарҳои фароянди ҷаҳонишавӣ ҳифз намояд.

Шуъбаи таҳлил ва робита бо ҷомеа

You might also like