ДДҲБСТ: Таҷлили Рӯзи омӯзгорон

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон таъкид намудаанд, ки миллате, ки омӯзгори асил надорад, ҳеҷ гоҳ ба ягон мартаба намерасад. Бо мақсади арҷгузории заҳмати омӯзгор ҳамасола якшанбеи ҳафтаи аввали моҳи октябр дар саросари мамлакат Рӯзи омӯзгорон шинохта шуда, чорабиниҳои гуногун ташкилу баргузор карда мешаванд.
Ба ифтихори гиромидошти Рӯзи омӯзгор дар Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон чорабинии тантанавӣ доир гардид. Ректори донишгоҳ, профессор Муъмин Шарифзода нахуст тамоми омӯзгоронро бо иди касббиашон шодбош намуда, зикр дошт, боиси ифтихор ва сарбаландист, ки имрӯз ҷомеаи кишвар зери таассуроти наҷиб аз таҷлили бошукӯҳи 29-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, 5500-солагии Саразми бостонӣ ва 700-солагии бузургдошти Шайх Камоли Хуҷандӣ, ки дар сатҳи ҷаҳонӣ ботантана таҷлил мегардад, Рӯзи омӯзгорон ва Рӯзи забони давлатиро ҷашн мегиранд. Бо шарофати Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти сиёсати ояндасози Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба гиромидошти шахсиятҳои сарнавиштсози миллат таваҷҷӯҳи махсус зоҳир мегардад ва арзишҳои моддию маънавии давлатдориамон рушду такомул меёбад. Ҳамасола, дар сатҳи шоиста истиқболи Рӯзи омӯзгорон ва Рӯзи забони давлатӣ ифодагари чунин сиёсат буда, нишони садоқату арҷгузорӣ ба заҳмати созандагони зиндагии пурсаодат – омӯзгорон ва рукни муҳими давлатдорӣ – забони давлатӣ маҳсуб меёбад.
Ҳамчунин ба ифтихори Рӯзи омӯзгор дар кафедраву факултетҳо бо баргузории маҳфилу чорабиниҳои адабиву фарҳангӣ Рӯзи омӯзгорон қайд карда шуд. Дар факултетҳои донишгоҳ таҳти унвонҳои ”Муаллим равшангари ҷаҳони маънавӣ”, “Муаллим-чароғи зиндагӣ”, “Устод раҳнамои ҳаёт аст” ба ифтихори Рӯзи омӯзгорон ҳамчунин дарси кушоду маҳфилҳо доир гардиданд.
Зимни баргузории чорабиниҳо қайд карда шуд, ки дар воқеъ саҳми устод-омӯзгор дар тарбияи насли наврас, тайёр намудани мутахассисони соҳаҳои мухталиф ва бо роҳи рост ҳидоят намудану омӯзонидани дарси зиндагӣ назаррас мебошад. Донишҷӯён порчаҳои назмиву насрӣ қироат намуданд, ки тараннумгари хизматҳои шоён ва заҳмату меҳнати назарраси омӯзгорон буд.
Бахшида ба Рӯзи омӯзгорон як зумра кормандону устодон барои заҳматҳои содиқонаашон дар пешбурди фаъолияти илмиву таълимӣ бо Сипоснома ва маблағҳои пулии раёсати донишгоҳ, як қатор кормандон ва устодони донишгоҳ бо Сипоснома ва туҳфаҳои хотиравии Кумитаи иттифоқи касабаи кормандони соҳаи маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон шарафёб гардиданд.
Шуъбаи таҳлил ва робита бо ҷомеа

You might also like