Онлайн-Форуми IV байналмилалӣ доир ба таъмини сифати таҳсилот
Имрўз, онлайн-Форуми IV байналмилалии узви давлатҳои Авруосиё доир ба таъмини сифати таҳсилот доир гардид. Дар кори Форум роҳбарият ва намояндагони Агентии мустақили аккредитатсия ва рейтинги давлатҳои Қазоқистон, Федератсия Русия, Молдовия ва олимону мутахассисисон аз муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва марказҳои илмии ҷумҳуриҳои Украина, Латвия, Қирѓизистон, Қазоқистон, Молдовия ва Тоҷикистон ширкат варзиданд.
Дар бахши 1-«Таҷрибаи байналмилалӣ дар таъмини сифати таҳсилот», муовини ректор оид ба муносибатҳои байналмилалии Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон, профессор Бобоҷонов Даврон Дадаҷонович баромад намуд. Мавсуф зикр дошт, ки таҷрибаи фаъолияти донишгоҳҳои бонуфузи ҷаҳон собит менамояд, ки яке аз омилҳои баланд бардоштани сифати таҳсилот дар ҷаҳон ташкил ва баргузор намудани аккредитатсияи байналмилалии барномаҳову ихтисосҳои таълимӣ маҳсуб мешавад. Дар ин раванд, аз марҳилаҳо ва талаботи гузаштан аз аккредитатсияи байналмилалӣ, таҷрибаи донишгоҳ дар самти гузаронидани ихтисосҳои амалкунандаи донишгоҳ аз аккредитатсияи байналмилалӣ: мушкилот ва дурнамо ҳарф зад. Аз ҷумла зикр дошт, ки таъмини таҳсилоти босифат дар шароити ҷаҳонишавӣ ва ворид шудан ба фазои байналмилалии таҳсилот аҳамияти махсус дорад, зеро баланд бардоштани сифати таҳсилот ба вазифаи стратегӣ табдил ёфта, ҳалли мушкилоти он сатҳи рушди устувори иқтисодиёти миллӣ ва рақобатпазирии кишварро дар ҷомеаи ҷаҳонӣ муайян мекунад.
Ҳамзамон, қайд гардид, ки баргузории Форуми Осиёи Марказӣ оид ба таъмини сифати таҳсилот ҳамчун платформаи байналхалқӣ барои баррасии шаклҳои беҳтарини таҷрибаи аккредитатсияи байналхалқӣ, табодули афкор, муайян намудани ҳамкории ояндаи оҷонсиҳои аккредитатсионӣ, якҷоя намудани иқтидор ва захираҳои онҳо барои таъмини сифати таҳсилот имконият медиҳад. Ҷалби бештар ва ҳавасмандии иштирокчиёни Форум, ба таври амалӣ пешниҳод намудани ҳалли масъалаҳо, аз муваффақият ва иқтидори баланди таъсиррасонии Форуми мазкур ба баланд бардоштани сифати таълим гувоҳӣ медиҳад.
Шуъбаи таҳлил ва робита бо ҷомеа