Иштироки ҷомеаи меҳнатии ДДҲБСТ дар ҳашари шанбегӣ

29 ноябр ҷомеаи меҳнатии Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон дар ҳашари умумии корҳои тозанамоӣ фаъолона ширкат варзида, ҳудуди донишгоҳро тоза ва ободу зебо намуданд. Кормандон ва донишҷӯён бо рӯҳияи баланд ба тозакунии майдонҳо, батартибдарории ниҳолҳо ва ба низом даровардани роҳравҳо машғул шуданд.

Роҳбарияти донишгоҳ аз ташаббус ва масъулияти иштирокчиён изҳори сипос намуда, баргузории чунин иқдомҳоро барои боло бурдани муҳити солим ва баланд бардоштани ҳисси  зебоипарастии аҳли донишгоҳ муҳим арзёбӣ кард.

Шуъбаи таҳлил ва робита бо ҷомеа

 

You might also like